30 ҷинояти ноболиғон дар 21 рӯз

Артём Анисимов, ноболиғи 15- сола,  истиқоматкунандаи шаҳри  Гулистони  ҷамоати шаҳраки Сирдарё бо шарикаш Муҳибулло Назарзода аз 9 то 30 сентяб дар 30 ҳолати дуздӣ айбдор шудааст.

 Аз ҷумла, 9 сентябр онҳо соатаи 2 –и шаб дар маҳаллаи 32-и шаҳри Хуҷанд шишаҳои автомашинаи Саркорбобо Дадохоҷаевро шикаста аз онҷо 150 сомониро дуздида, ба соҳиби автомабил  бинобар шикастани  шишаи мошин беш аз 250 сомонӣ зарар расонаанд.

Дар давоми 21 рӯз яъне аз 9 то 30 сентябр 30 адад ҷинояти дуздӣ содир кардаанд, ки зарари расонидаашон ба мардум 50 ҳазор соминиро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи кофтукоб ноболиғон дастгир шуда ба додгоҳ кашида шуданд.

Ба иттилои масъулини мақомоти милитсия вилояти Суғд бештари маврид ҷинояти ҷавонону ноболиғонро дуздии амволи ғайр ва авбошӣ ташкил медиҳад, ки ҳатто як ноболиғ ё ҷавон дар як моҳ то 20 ҷиноятро содир кардааст, ки ин шумора нигаронкунанда мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *