Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

30 ҳазор сомонии қарз “Шери нар”-ро ба ҳалқаи дор бурд

Ҷасади Абдулмаҷиди 39-сола, ки дар байни дӯстонаш бо лақаби “Шери нар” маъруф буд, як ҳафта қабл дар ҳалқаи дор пайдо карданд.

Ҷасади Абдулмаҷиди 39-сола, ки дар байни дӯстонаш бо лақаби “Шери нар” маъруф буд, як ҳафта қабл дар ҳалқаи дор пайдо карданд.

Ба гуфтани наздиконаш Абдулмаҷид, сокини деҳаи Ҳаёти нави шаҳри Ҳисор ба далели пардохт карда  натавонистани 30 ҳазор сомонии қарз даст ба худкушӣ задааст. 

Як дӯсти наздики Абдулмаҷид, ки аз бурдани номаш худорӣ намуд, ба сомонаи Тajikistan times гуфт: “Абдулмаҷидро шаш сол боз мешиносам, ӯ аз як деҳаи дурдасти дараи Алмосии Ҳисор мебошад. Ӯ муддати ду сол мешавад, ки дар ин деҳа нонвойхонаи худро боз намуда, ба мизоҷони ин деҳот хизмат мекард. Ҳамон шоми пеш аз маргаш ӯро дида будам. Чашмонаш ким чи хел беҷо ба назар мерасид. Ҳар чанд Абдулмаҷид ба ту чӣ шудааст, гуфта пурсон шудам, аммо Абдулмаҷид якба рӯям нигоҳ карду “очаи қарза ов барад” гуфту даст афшонда ба тарафи нонвойхонааш рафт”.

Субҳ хабар расид, ки вай барои 30 ҳазор сомони қарзаш худро дор кашидааст.

Як аз наздикони Абдулмаҷид гуфт, ки қарздоронаш ҳар рӯз ба манзили зисташ омада, таҳдид мекарданд. Аз ҳамин сабаб пули қарзро баргардонида натавонисту худро нобуд кард.

Се фарзанди мактабхони Абдулмаҷид  ятим монданд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.