30 июн – рӯзи марги Лоиқ Шералӣ

19 сол қабл санаи 30 июни соли 2001 Шоири халқии Тоҷикистон, устод Лоиқ Шералӣ аз олам даргузашт. Марги ӯ талафоти азиме ба адабиёти форсизабон буд.

Ҳамасола дар арафаи таҷлили солрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон равоншод Лоиқ Шералӣ даҳҳо мақолаву мусоҳиба ва очерку лавҳа ба нашр мерасад, аммо касе рӯзи марги шоирро ёд намекунад. Ин дар ҳоле, ки 20 май инсони оддӣ ба дунё омадаву 30 июн шоири бузурги миллат фавтид.

Лоиқ Шералӣ аз чӣ фавтид?

Устод Лоиқ дар айни авҷи камолоти эҷодӣ бо марг дастбагиребон шуд. Табиби ӯ Соҳиб Раҳимов мегӯяд, ки рагҳои хунгарди сари шоир кафиданд. Ба нақли ӯ ду рӯзи пеш аз марг борҳо ба ӯ нафасӣ сунъӣ доданд. Воқеан ҳам, устод Лоиқ Шералӣ ду маротиба фавитанд. Бори аввал соати 04:45 дақиқаи субҳи 30-июн дили он кас аз тапидан бозмонд. Аммо табибон бо истифодаи қувваи баландтарини барқӣ онро боз ба кор дароварданд. Ин шодиву нишоти дӯстону пайвандон ва мухлисону ҳаводорони устодро афзун намуд ва онҳо ба моҳияти шеърҳои “Ман намемирам” ва “Ман зиндаам ба хотири дидори орзу”-и шоир бовариву эътимоди комил пайдо карданд.
Аммо ин хурсандӣ танҳо 6 соату 49 дақиқа идома ёфт. Бори дуюм ва охирон қалби шоир соати 12:34 дақиқа абадан хомӯш шуд. Ин навбат табибон пеши марг оҷиз монданд ва устодро аз коми аҷал кашида натавонистанд. Ӯ на дар Мазори Шариф, ки меодгоҳаш мехонд, балки дар фарози “шаҳри ҳумоюн”-шаҳри Душанбе, аниқтараш, дар Маркази ҷумҳуриявии амрози дил ҷон ба ҳақ супурд. Ӯро чун дигар ходимони сиёсату ҳизб, илму маориф, фарҳангу санъат дар оромгоҳии “Лучоб” дафн карданд.

“Рафтанду ман ҳам рафтаам, эй дӯстон, ёдам кунед!”
Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон:
-Ман аз турбати гулпӯши ӯ чашм наканда ҳеҷ бовар намекунам, он пайкаре, ки дили пуршӯр, нерӯи қавӣ, он саре ки ҳамеша аз рӯҳи бешикасту ғурури шеърона боло буд, зери ин хоки сард биғунҷад ва соқит бихобад…
Фарзонаи Хуҷандӣ, Шоираи халқии Тоҷикистон:

  • Устоди бузургвори ман! Ин сайёраи ятим, ин ҷаҳони бепарастор, ин лаҳзаҳои бесаодат, ин миллати ғафлатпаноҳ ва ин мани дилшикаста бе ту буданро чӣ хел таҳаммул мекунем…?
    Темури Зулфиқор, нависанда:
    -Шоир дар кӯҳи Чилмеҳроб бо модари биҳиштиаш суҳбат дорад. Шояд ҳанӯз дили нооромаш фарёди бефарёдрасе мезанад ба гӯши қулфбастаи мо…
    Лоиқ Шералӣ:
  • Чу ман мирам, миёни ҳамдигар гӯед, ки Лоиқ, Дар оғӯши замин бо бӯяҳои осмонӣ рафт…

Интиҳо ман ҳамин як марг нест

Устод Лоиқ Шералӣ дӯстдори зиндагӣ буда, ҳамеша онро васф менамуд. Аз ҷумла, дар шеъри “Ман зиндаам ба хотири дидори орзу” чунин менигорад:

…Ман зиндаам ба хотири ноҷустаҳои дил, Ман зиндаам ба хотири нашнидаҳои хеш. Ман зиндаам ба хотири дурии дуриҳо, Ман зиндаам ба хотири нодидаҳои хеш…

Ва ё дар шеъри “Ман намемирам” аён мешавад, ки устод тамоми орзуву омоли хешро тасвир намуда, зиндагии ҷовидонаеро хоҳон гаштааст:

…То наорояд ҷавониям ҷаҳони пирро, То набандам бо сурудам пеши роҳи тирро, То нагирам бо қалам пеши дами шамшерро, То набинвисам зи нав ман номаи тақдирро, Ман намемирам, ман нахоҳам мурд!

Ва ё дар шеъри “Рӯз аз рӯз умр мегузарад” аз он афсӯс мехӯрад, ки умраш ба ҷое расидаву то ҳол корҳои зиёдеро ба сомон нарасонидааст:

..Сол аз сол умр мегузарад, Ман ҳам охир зи даҳр мегузарам. Лек то зиндаам, ба чашми замон Сурхрӯ, сарбаланд менигарам.

Дар чаҳорпораҳои шоир низ мушиҳида кардан мумкин аст, ки то чӣ андоза ӯ аз рафтани худ ғамгин аст ва ҳатто рӯзгори баъди маргашро низ пешгӯӣ кардааст:

Баҳори ман баҳори ошиқӣ буд, Дилам дар ишқи ёрон содиқе буд. Аз он шодам, ки баъди ман бигӯянд Замоне дар замин як Лоиқе буд…

Ва ё дар чаҳорпораи мазкур айён аст, ки шоир мақоли халқии “зиндабезору мурдапараст”-ро дар қолаби бадеӣ ҷо карда, як дараҷа афсӯсхӯрӣ низ мекунад:

Нишони мо пас аз мурдан биҷӯянд, Хатои мо пас аз мурдан бигӯянд. Чӣ гулҳо, ки надидему начидем, Пас аз мурдан зи хоки мо бирӯянд.

Ва ё дар пораи зайл хушнуди аз он мекунад, ки бовуҷуди ҷисман мурдан, рӯҳу равони ӯ, шеъри ӯ, осори ӯ ва аз ҳама беш номи ӯ зинда хоҳад монд:

Баъди мурдан ҳам дилам бебарг нест, Интиҳои ман ҳамин як марг нест. Марг агар қатъи равони ман бувад, То қуҷо қатъи ҷаҳони ман бувад?!

Устод Лоиқ Шералӣ ҳеҷ гоҳ аз марг наметарсид ва ҳамеша мединист, ки рӯзе фурсати рафтан фаро мерасад. Аммо пайваста аз он афсӯс мехӯрд, ки то ҳол “шеъри беҳтарин”-ашро нагуфтааст, рози ниҳонии қалбашро ифшо накардааст, ба дардҳои халқу миллаташ дармон набахшидааст. Ӯ бо розҳои худ, дардҳои худ ва ҳасратҳои худ моро барои ҳамешагӣ тарк намуд
Ба ҷои хотима

Гуфтанду ман ҳам гуфтаам, эй дӯстон, ёдам кунед, Рафтанду ман ҳам рафтаам, эй дӯстон, ёдам кунед. Дирӯз будам бо шумо дар маҳфили айшу фарох, Дар хоки танге гуфтаам, эй дӯстон, ёдам кунед.

Амони МУҲАММАД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *