30 соли зиндонӣ барои қотилони Нозима

Суди олии Тоҷикистон Абдулқосим Норматов, муттаҳами асосӣ дар қатли Нозима, сокини 17-солаи шаҳри Турсунзодаро ба 10 сол ва шарики ӯ Раҳимҷон Комиловро ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Суди олӣ Мирзомиддин Мирзораҳим, собиқ мудири шӯъбаи ташхиси судӣ-тиббии шаҳри Турсунзодаро, ки дар додани хулосаи бардурӯғ муттаҳам мешуд, ду сол шартан аз озодӣ маҳрум кард.

Наздикони Нозима дар суҳбат ба хабарнигорон гуфтанд, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва барои ҷазои сангинтари қотил ба марҳилаи болоӣ даъво хоҳанд бурд.

Қаблан, айбдоркунандаи давлатӣ барои Абдулқосим Норматов, муттаҳами асосӣ дар қатли Нозима то 10 соли зиндонро талаб карда, барои Раҳимҷон Комилов, ки замони ҷиноят Абдулқосимро ҳамроҳӣ мекардааст, 22 соли зиндон талаб намуда буд. Айбдоркунандаи давлатӣ 26 апрел дар Додгоҳи олӣ далели талаби то 10 соли зиндонро барои Норматов ба ноболиғ будани ӯ ҳангоми содир намудани ҷиноят рабт дода, илова намуд, шарикаш Раҳимҷон Комилов 10 рӯз қабл аз ҷиноят ба синни балоғат расида буд. Вай аз додгоҳ хоста буд, Мирзомиддин Мирзораҳим, собиқ мудири шӯъбаи ташхиси судӣ-тиббии шаҳри Турсунзодаро 2 сол аз озодӣ маҳрум намуда, 5 сол аз ҳаққи фаъолият дар вазифаи ташхисгари соҳаи тиб маҳрум намояд.

Абдулқосим Норматов ҳангоми ироаи сухани охирини худ ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, талаб намуд, бо сабаби ноболиғ буданаш нисбати ӯ ҷазои сабук таъин гардад. Раҳимҷон Комилов низ зимни ибрози сухани охири худ дар додгоҳ гуфт, “аз кардаам пушаймон ҳастам. Ҷавонӣ ва бемории маро ба инобат гирифта, нисбати ман ҷазои сабук татбиқ кунед”.

Қаблан Нодира Маҳмудова, модари Нозимаи марҳум, ки ба таври бераҳмона кушта шуд, аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хоҳиш намуд, то барои одилона баррасӣ намудани қазияи додгоҳӣ расидагӣ кунад. Ӯ дар як нома, ки нусхааш ба дасти манбаи хабарие расид, талаб кардааст, ки ба парвандаи марги духтараш мавзӯи “таҷовуз” ҳам пайванд шавад.

Хонум Маҳмудова 20 апрел зимни баромад дар Суди олӣ гуфт, “ба ман мегӯянд духтарам бокира аст, вале то ҳол натиҷаи ташхисро ба ман надодаанд. Ман талаб дорам, қазияи таҷовузи духтарам низ баррасӣ шавад, зеро 2 рӯз қабл аз маргаш ба ман гуфта буд, Абдулқосим ӯро таҷовуз кардааст”.

Наздикони Нозима зимни мурофиа даъво карданд, ки Абдулқосим набераи Ҳоҷӣ Камол, соҳибкор ва ангурпарвари маъруфи ҷумҳурӣ мебошад ва ин метавонад ба баррасии мунсифонаи қазия таъсир расонад. Онҳо иддао доранд, ки Абдулқосим Нозимаро мавриди таҷовуз қарор додааст, аммо мақомот онро рад мекунанд.

Ногуфта намонад, ки қатли ваҳшиёнаи Нозима шаби 2-юми феврал рух дода буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *