30% тахфиф: Иқдоми ҷолиб дар «Китоби Душанбе»


Имрӯз, 20-уми август, дар Боғи устод Рӯдакии шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти унвони «Китоби Душанбе» намоиш-фурӯши китоб баргузор гардид.


Тавре аз Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, дар намоиш-фурӯши китоб муассисаҳои нашриявии «Адиб», «Ирфон», «Маориф», «Адабиёти бачагона», Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик», КВДТС «Китоб», ТҶБ «Истиқбол», ҶДММ «Нашриёти муосир», «Эр-граф», «Ношир», «Хуросон», «Меҳригиёҳ» китобҳои тозанашрро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардониданд.


Гуфта мешавад, ки намоиш-фурӯш то соати 17:00 идома ёфта, алоқамандон дилхоҳ китобро бо тахфифи 30% харидорӣ намуда метавонанд.
Амони Муҳаммад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *