31 шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳи муваққатии Русия нигоҳ дошта мешаванд

Роҳбари Боздоштгоҳи бо дипломатҳои тоҷик масоили ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ қарор гирифт. Айни ҳол дар боздоштгоҳ 31 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд

Консули Сафорати Тоҷикистон дар Русия, аз Боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Москва боздид кард ва ҳолати нигоҳдории шаҳрвандони Тоҷикистон дар он муассиса шинос шуд.

Иттилоъ дода шудааст, ки зимни мулоқот бо Роҳбари Боздоштгоҳи мазкур Алексей Лагода масоили ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин кормандони Сафорат бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, ба саволу дархостҳои онҳо посухҳои мушаххас ва маслиҳатҳои ҳуқуқӣ доданд.

“Ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Русия дар самти муҳоҷират ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Русия маълумот ва тавсияҳои зарурӣ дода шуд”, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон.

Ҳамзамон дар рафти мулоқот маълум шудааст, ки айни ҳол дар боздоштгоҳ 31 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд, ки аз онҳо ба 29 нафарашон аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ Шаҳодатномаи бозгашт ба Тоҷикистон ба таври ройгон таҳия гардид.

Манбаъ илова кардааст, ки корҳо дар самти шиносоӣ бо шароити боздоштгоҳҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида, дар тамоми шаҳру вилоятҳои Русия мунтазам анҷом дода мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *