Кабиров ба Раҳимзода ва командаи ӯ раҳмат гуфт

Авазхон Кабиров, директори “Султони Кабир” баъди сӯхтори бозор, ки 25-уми январ сар зад, ба Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон изҳори сипос кард.

Тавре ки Авазхон Кабиров дар суҳбат бо журналисти тоҷик Ҷамила Ҳусейнова иброз доштааст: «бар асари ин оташрезӣ, ки дар яке аз дӯконҳои фурӯши маводи барқӣ (электротовары) сар зад, 29 мағоза сӯхта, 31 соҳибкор зарар дид. Сӯхтор, саҳар, ҳини ба кор даровардани барқафзо-рубилник рух додааст. Дӯконҳои мазкур дар 2 қатори таги навес ҷо доштаанд ва усулан ноқилҳои барқ ва ашёи электрикӣ мефурӯхтаанд. Резини гофра, ки барои печонидани ноқилҳо ва нагузаронидани қувваи барқ аст, мисли резин сӯхтаву аз 1 дӯкон ба дигараш асар кардааст. Сӯхтор 1,5 соат давом карда, бо кӯмаки хадамоти сӯхторнишонии пойтахт, фурӯ нишаст».

Шоҳидон мегӯянд, баробари аланга гирифтани оташ, раёсати ВКД ва ҳатто худи Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро шахсан ба ин мавзеъ ташриф оварда, кори оташнишононро назорат ва сафарбар мекард.

Дар зимн, Авазхон Кабиров аз номи тамомии соҳибкорони бозори «Султони Кабир» ба раҳбарияти ВКД ва хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ изҳори сипос намуда, афзудааст: «агар ҷонфидоии кормандон, ба вежа раҳбарияти ВКД намебуд, хатари пурра ба коми сӯхтор фурӯ рафтани бахши аъзами бозори «Султони Кабир» вуҷуд дошт. Сипос ва раҳмати калон ба ҳама сӯхторхомӯшкунон ва кормандони милиса, ки ҷонашонро дар хатар гузошта, моликияти соҳибкоронро наҷот доданд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *