Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

35 нафар дар ДТТ соҳиби дипломи аъло шуданд

Соли ҷорӣ Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимиро 2172 нафар хатм кардаанд. Аз ҷумла,  1943 нафар соҳиби дараҷаи бакалавр, 73 нафар мутахассис ва 153 нафар дорои дараҷаи магистр гаштаанд.

 Бо қарори комиссияҳои аттестатсияи хатм 12 нафар бакалавр ва 21 нафар магистр бо дипломи аъло мушарраф шуданд. Дар ин бора Ҳайдар Одиназода, ректори Донишгоҳи техникии зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Айни замон дар хориҷи кишвар 32 нафар омӯзгори ҷавони донишгоҳ дар аспирантура таҳсил менамоянд, ки 12 нафарашон соли 2015 фиристонида шудаанд.

Гуфта шуд, ки дар заминаи ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои олии хориҷӣ имрӯз дар ДТТ 79 нафар донишҷӯи хориҷӣ таҳсили илм доранд. Бештари муҳассилини хориҷии донишгоҳро шаҳрвандони Афғонистон, Эрон ва Қирғизистон ташкил медиҳанд.

Новобаста аз имкониятҳои на он қадар хуби молиявӣ дар соли таҳсили ҷорӣ раёсати донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 60 -солагии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  корҳои ободонию созандагиро дар корпусҳои таълимӣ идома  диҳад.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.