Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

39 млн доллар ба буҷет ворид нашуд

Ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон давоми 8 моҳи соли ҷорӣ 14 млрд. 352 млн. сомониро ташкил дод, ки 2,6% камтар аз нақшаи тасҳеҳшуда мебошад, хабар медиҳад Вазорати молия.

Ин маънои онро дорад, ки дар ин давра ба буҷети кишвар ҳудуди 400 млн сомонӣ (наздики 39 млн доллар) камтар маблағ ворид шудааст.

Камбудии буҷет ба коҳиши маблағи андоз аз даромад ва андоз аз фоида нисбат дода мешавад. Ҳиссаи андоз дар буҷети давлатӣ 68%-ро ташкил медиҳад.

Вобаста ба ин қисмати хароҷоти буҷет иҷро нашуд: маблағҳои пешбинишуда қариб ба ҳамаи бахшҳо ҷудо нагардиданд.

Аммо аз ҳама бештар маблағгузорӣ ба бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, саноат ва сохтмон, фаъолияти дигари иқтисодӣ ва хизматрасониҳо кам шуд.

Ҳаҷми умумии нақшаи тасҳеҳшудаи даромади буҷет бо назардошти ҷалби маблағҳои грантӣ ба ҷойи 26,1 млрд сомонии қаблан тибқи нақша пешбинигардида 23,6 млрд сомонӣ муқаррар шуд.

Нақшаи тасҳеҳшудаи хароҷоти умумии буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 26 млрд сомонӣ муқаррар шудааст, ки аз нақшаи аввалия 400 млн сомонӣ камтар аст.

Дар назар буд, ки рӯйпӯш кардани касри буҷет аз ҳисоби ҷалби маблағҳои ниҳодҳои молиявии байнулмлалӣ амалӣ мешавад.

Мувофиқи нақшаи тасҳеҳшудаи Вазорати молия, касри Буҷети давлатӣ дар соли равон 3,1 млрд сомонӣ (беш аз 300 млн доллар) ё худ 3,7% аз ҳаҷми ММД-ро ташкил хоҳад дод.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj