394 сокини Суғд дар Сурия

 

   24 сокини вилояти Суғд ҳамроҳ бо оила ва кӯдакони ноболиғаашон ба Сурия рафтаанд.

    Ба гуфтаи Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, дар умум ҳоло 394 сокини вилоят дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ қарор доранд.

Ба гуфтаи генерал Назарзода, “ҳоло нисбати 321 нафар сокинони вилоят бо моддаи 401, иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ ва 10 парвандаи ҷиноятӣ бо хулосаи айбдорӣ ба додгоҳ ирсол ва алайҳи 192 нафар парвандаҳои кофтукобӣ оғоз карда шудаанд. Тибқи маълумотҳо айни замон, 36 тани ҷангиён дар даргириҳои Сурия иштирок дошта, ба ҳалокат расидаанд.”

Ҳамчунин давоми шаш моҳи соли равон 130 нафар сарвар ва аъзои ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ муайяну дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *