4 холи дигар барои чемпионшавии «Истиқлол»

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии аз даври 18-ум ба 10 октябр гузаронидашуда футболбозони «Парвоз-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби бузурги 8:2 шикаст дод.
Ин вохӯрӣ бегоҳӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳр Душанбе баргузор шуд. 5 голи соҳибони майдонро нишонгири беҳтарини Лигаи олӣ Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонда, пента-трик кард ва ҳисоби голҳояшро ба 20 адад расонд.
Барои дафъаи панҷум пайиҳам ба унвони Чемпиони Тоҷикистон ноил шудан «Истиқлол»-ро зарур аст, ки дар се бозии боқимонда ҳамагӣ 4 хол ба даст орад. Он гоҳ даста 40 холро соҳиб шуда, барои тими «Ҳосилот»-и Фархор, ки то имрӯз 28 хол гирифтааст, дастнорас мегардад.
«Истиқлол» бозии навбатиашро дар Варзишгоҳи марказии шаҳр Душанбе 15 октябр ба дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода мегузаронад. Фақат мӯъҷизаи варзишӣ метавонад, ки садди пирӯзии душанбегиҳо шавад. Ин гуна мӯъҷиза дар варзиш баъзан ба вуқӯъ пайвваста, боиси шодию фараҳи мухлисон мегардад.
Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *