400 сомонӣ

Оилаи камбизоат кадом аст ва киҳо бояд кӯмакпулии иҷтимоӣ бигиранд

Истилоҳи «камбизоат» дар замони соҳибистиқлолӣ бо пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба ҷойи истилоҳи «камбағал» ба миён омадаст. Гӯё истифодаи калимаи мазкур барои аҳолии замони соҳибистиқлолӣ нораво буда, дар ҷомеаи имрӯзаи кишвар ин вазъи иҷтимоии мардум рӯ ба беҳбудӣ овардаву аз байн мерафта бошад. Гӯё маоши ҳадди ақал барои ҳар як нафар барои рӯзгузаронии муътадил басанда будааст. Истилоҳи «оилаи камбизоат» низ дар заминаи чунин муқаррароти иқтисодшиносон ва молияшиносон ба миён омадааст. Масалан, барои муаяйн кардани мақоми оила ба камбизоатӣ агар даромади миёнаи оилаи довталаб ба ҳар сари узви оила аз 50 фоизи музди ҳадди ақалл (200 сомонӣ) кам бошад, дар ин сурат оила камбизоат эътироф мешавад. Фарз кардем,  агар дар оилаи панҷнафара падар 1000 сомонӣ моҳона гираду чор узви дигари оила маош нагиранд, ин даромад ба ҳар сари узв 200 сомонӣ шуда, оила мақоми камбизоатро намегирад. Яъне, ин гуна оила аз кумаки унвонии иҷтимоӣ, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ  аз  соли 2018 ҷорӣ карданист, бенасиб мемонад.

Киҳо сазовори кӯмакпулии камбизоатианд?

Дар қонунгузории ҷорӣ омада, ки ҳар як оила новобаста аз ҳайати он ҳуқуқи истифода аз имтиёзҳои шаҳрвандони камбизоатро дорад. Ин оила метавонад пурра ё нопурра, зану шавҳари бефарзанд, ҷуфти  фарзандхонддошта, фарзандхондкунандаи танҳо, падар ё модари танҳо бошад. Ва боз новобаста аз ин баъзе категорияҳо ба кумаки иловагӣ ниёзманд ҳастанд. Аз миёни дар боло номбаршудаҳо ниёзмандони аввалин волидони серфарзанд, модарони танҳо, инчунин оилаҳое, ки  дар ҳайаташон маъюбон ё шаҳрвандони синну соли нафақа доранд, ба шумор мераванд.

Ҳангоми бақайдгирӣ барои муайян кардани  оилаҳои камбизоат аъзои зерини он ба ҳисоб гирифта мешавад:

-падарону модарон ва фарзандон;

-зану шавҳар;

— момою бобо;

-волидхондаҳо ва фарзандхондаҳо;

— фарзандони угай;

— парасторон ва сарпарастон.

Ин ҷо талаби ҳатмӣ он аст, ки ҳар яки онҳо бояд дар як суроға қайд шуда бошанд,  дар як ҳуҷра ё хона иқомат кунанд. Ҳукумат барои муайян кардани камбизоатии шаҳрвандон системаи баҳисобгирии даромади миёнаро ба сари ҳар як узви оила истифода мебарад. Ба  мақсади муайян кардани мақоми камбизоатии шаҳрвандон ҳукумат ду омилро истифода мекунад:

-даромади буҷети оила;

— сатҳи зиндагии камтарини маҳал, ки оила дар он ҷо ба қайд гирифта шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки агар дар ҳайати оила шахси калонсоли қобили меҳнат бошаду вай дар қайди биржаи меҳнат нест ва метавонад кор карда, маош гирад, ӯ ҳеҷ вақт  шаҳрванди камбизоат дониста намешавад.

Юсуфӣ: камбизоатҳо муайян мешаванд

Тибқи маълумоти расмӣ имрӯз қариб 31% аҳолии Тоҷикистон камбизоат эътироф шуда, дар охири асри гузашта шумори камбизоатҳо аз ҳисоби умумии аҳолӣ 83%-ро ташкил додааст.

Чанде пеш мақомоти ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба мураттаб сохтани рӯйхати (реестри) оилаҳои камбизоат шурӯъ намуда, ба он беш аз 60 ҳазор оиларо ворид кард. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ»-ро қабул намуданд, ки татбиқи он ба танзими кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, механизми муайянкунии оилаҳои камбизоат ва дастрас намудани ёриҳои моддию пулӣ ба эҳтиёҷмандон мусоидат карда истодааст.

Муовини раиси палатаи поёнии парламент Хайринисо Юсуфӣ мегӯяд, ки дар  Тоҷикистон аллакай муайянкунии оилаҳои камбизоат шурӯъ  шудааст. Юсуфӣ зикр намуд, ки маълумоти нишондиҳандаҳо ба барномаи махсус ворид карда мешаванд ва агар оила аз 222 хол камтар гирад, он камбизоат маҳсуб намеёбад.

Умарзода: 97 000 оила аз кумак бархӯрдоранд

Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳа изҳор дошт, ки  феълан тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30  июли соли 2014 «Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» ёриҳо дар шакли пардохт намудани кумаки пулӣ ба таври таҷрибавӣ дар 25 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ амалӣ гардида, зиёда аз 97 ҳазор оила ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз он бархӯрдоранд.

— Андозаи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ 400 сомониро  ба як хонавода ташкил менамояд ва аз моҳи январи соли 2018 ҳар семоҳа пардохт мешавад. Механизми таҷрибавии таъйин ва пардохти кумакпулии номбурда ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи октябри соли 2016 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2014 боз ба 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ идома ёфта, дар маҷмӯъ 40 шаҳру ноҳияро дарбар хоҳад гирифт.

 Саида Умарзода бо зикри ин матлаб ҳамчунин гуфт, ки низоми мазкур бар ивази ду механизми қаблӣ — кумакпулӣ барои мактаббачаҳо аз оилаҳои камбизоат ва ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ  пардохт карда мешавад. Таъкид гардид, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» бо мақсади татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз паёмҳояшон  ба Маҷлиси Олӣ (солҳои 2013 ва 2016) бармеоянд, рӯи даст гирифта шуд.

Саймуддинзода: Сино 1700 камбизоат дорад

Муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Аббос Саймуддинзода тадбири мазкури Ҳукумати ҷумҳуриро ғамхории навбатӣ ба оилаҳои ниёзманд ҳисобида, изҳор намуд:

— Дар ноҳияи Сино то имрӯз беш аз 1700 оилаи камбизоат ба қайд гирифта шудааст. Алҳол барои аниқу пурра кардани рӯйхати онҳо дар маҳалҳо комиссияҳои минтақавӣ фаъолият доранд, ки ба онҳо намояндагони маҳаллаҳою сохторҳои хизмати коммуналӣ ва мутахассисони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия шомил карда шуданд. Шаффофияти рӯйхати оилаҳои камбизоат, пеш аз ҳама, ба онҳо вобаста  аст.

Дар ҳамин ҳол, вакилони Маҷлиси намояндагон бо ишора ба аҳамияти ин иқдом аз масъулон даъват ба амал оварданд, ки интихоби камбизоатҳо ва ироаи кумакпулӣ ба оилаҳои ниёзманд шаффоф ба роҳ монда шавад. Ин таъкиди вакилон аз омӯзиши муроҷиати мардум ба раисони  шаҳру деҳоти кишвар ба миён омадааст, ки баъзе масъулони ҷамоатҳои деҳот ва шаҳракҳо ба рӯйхати оилаҳои камбизоат хешу ақрабо ва шиносони худро дохил намуда, оилаҳои камбизоати воқеӣ дар канор мемонанд.

Эмом  Назаров,

«Тоҷикистон»

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *