Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

41 қаҳрамони “Диссернет”. Онҳое ки президент интиқод кард кистанд?

Пойгоҳи «Диссернет» баъди хомӯшии тӯлонӣ боз як олими тоҷикро ба «плагиат» ё рӯйбардор кардани бахше аз рисолаи илмиаш аз асари донишмандони рус айбдор кард.

Ин хабар баробари интиқоди Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи пасти рисолаҳои илмӣ ва эътирофи “Диссернет” аз ҷониби сарвари давлат расонаӣ шуд.
«Диссернет» рӯзи 18-уми март навишт, Абдураҳмон Қурбонов, сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегӣ, ҳангоми таҳияи рисолаи «Ислоҳоти низоми маориф дар шароити трансформатсияи ҷомеаи Тоҷикистон» (таҳлили иҷтимоӣ ва фалсафӣ) беш аз ними онро аз асарҳои Геннадий Шелковников, Адия Сундукова, Олга Жукова, Ирина Яковлева ва дигарон гирифтааст.
Қурбонов соли 2018 узви Шӯрои экспертии Кумисюни олии аттестатсионии назди президенти Тоҷикистон дар бахши фалсафа, ҷомеашиносӣ ва сиёсатшиносӣ таъин шудааст.
Пойгоҳи «Диссернет» дар хулосааш менависад, ки дар рисолаи Абдураҳмон Қурбонов калимаи «Россия» ба «Тоҷикистон» иваз шуда, вале маълумоти асосӣ бетағйир мондааст ва «ин нишонаи тақаллуби илмӣ аст».
Санаи 18 марти соли равон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти хеш бо намояндагони илми кишвар аз сатҳи пасти рисолаҳои илмӣ интиқод кард ва ҳаққонӣ будани баҳои “Диссернет”-ро ба рисолаи олимони тоҷик эътироф намуд.
Пойгоҳи “Дисернет” соли гузашта зиёда аз 40 рисолаи илмии олимони кишварро “плагиат” баровард. Дар баъзе рисолаҳо олимони кишвари мо дуздии комилан ғариахлоқӣ содир намуда буданд. Чунин рисолаҳои бемантиқро унвонҷӯёни тоҷик дифо намуда буданд.
Дар зер рӯйхати 40 нафар унвонҷӯйро меорем, ки “Дисернет” онҳоро ба асардуздӣ айбдор карда буд. Аксари ин нафарон мансабдорони баландпоя ҳастанд.
Рӯйхати «номзад» ва «докторони илм » аз Тоҷикистон, ки пойгоҳи»Диссернет» онҳоро ба плагиат (асардуздӣ) айбдор мекунад:
1)Амиров Назруло Исматович
2)Бобоев Алимурод Меликмуродович
3)Буриева Мастура Чориевна
4)Гинтер Юлия Ивановна
5)Гоибназаров Саидкул Махманазарович
6)Гулмахмадов Давлатшо Курбоналиевич
7)Давлатшоев Одилжон Хазратшоевич
8)Джураев Шавкатджон Джумакулович
9)Комилов Навруз Одилович10)Курбонов Абдукарим Рахимович
11)Миракилова Нигина Тулкиновна
12)Набиев Тахир Толибович
13)Назаров Асли Гулмуродович
14)Нуров Шабон Сафарович
15)Орзуев Парвизджон Джамолидинович
16)Рахмонов Асадулло Киматович
17)Саидов Давлатали Шомахмадович
18)Саидов Саймахмуд Сайдахмадович
19)Саидов Шохин Нурович
20)Собиров Нурали Миралиевич 28)
21)Султонов Абдулло Бобокулович
22)Тайфуров Зафар Сафаралиевич
23)Фозилханов Дилшод Отаджонович
24)Хакимов Абдувосе Абдурахмонович
25) Шоймардонов Сафарали Курбоналиевич
26) Эргашева Мохира Абдулложоновна
27) Юсупджонов Зоир Тоирович
28) Исмаилова Зарина Сухбатджоновна
29) Рахмонов Шарафджон Абдусамадович
30) Кабиров Шералишо Олимович
31) Исматуллоев Бахром Абдугаффорович
32) Рахмонов Зоир Файзалиевич
33) Гафуров Хайрулло Мирзамонович
34) Джонмамадов Шермамад Бекмамадович
35)Мирзоева Кибриё Караевна
36) Саидов Ахмадшо Рахматшоевич
37) Саидмуминов Ахлиддин Саиднуриддинович
38) Хайров Шукрулло Курбоналиевич.
39) Маматкулов Аваз Абдуназарович
40) Шамсов Илесҷон Сафарович

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.