50 ҳазор кило хурмоҳои Саудӣ куҷо шуд?

Арабистони Саудӣ барои Тоҷикистон 50 тонна хурмо фиристод, аммо аз ягон камбизоат нашунидам, ки як каф хурмо гирифтааст.

Абдулазиз Муҳаммад Ал-Бодӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон рӯзи 22 май  гуфта буд, 50 тонна хурмо бо дастури подшоҳи Саудӣ тавассути Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи Малик Салмон ба Тоҷикистон супорида шуд.

Ин миқдор хурмо ҳамчун «тӯҳфаи рамазонӣ»-и ҳукумати Арабистон ба ихтиёри Агентии давлатии захираҳои моддии Тоҷикистон ворид шуда ва дар назар буд, ин миқдор хурмо дар миёни камбизоатон ва ниёзмандон тақсим шавад.

Пас аз нашри ин хабар дар сомонаи Tajikistan Times хонандагон дар мавриди тақдири минбаъдаи хурмои “тӯҳфаи рамазонӣ” пурсон шуданд.

Масалан, Маҳмуди Ашурмуҳаммад навиштааст: “Ғайбат дар моҳи Рамазон гуноҳ асту аммо ҳисси кунҷковӣ боло мегирад. Саудӣ барои Тоҷикистон 50 тонна хурмо фиристод, аммо аз ягон камбизоат нашунидам, ки як каф хурмо гирифтааст”.

Барои рӯшанӣ андохтан ба ин масъала ба Агентии давлатии захираҳои моддии Тоҷикистон, ки дарёфткунандаи кумакҳои башардӯстона аст, муроҷиат кардем.

Абдукарим Раҳимов, як масъули Агентии давлатии захираҳои моддии Тоҷикистон рӯзи 28 май ба Tajikistan Times гуфт, ки ин ниҳод масъули қабул ва нигаҳдории кумакҳои хориҷӣ, аз ҷумла, ҳадяи хурмои Арабистони Саудӣ буда, аммо тақсими ин кумакҳо ба ӯҳдаи Ҳукумати Тоҷикистон аст.

Коршиносон мегӯянд, ҳамасола Арабистони Саудӣ дар моҳи шарифи Рамазон ба унвони ҳадя ба мардуми Тоҷикистон даҳҳо тонна хурмо мефиристад. Аммо то ба ҳол дар мавриди сарнавишти ин хурмо ва ба кадом табақаҳои аҳолии кишвар тақсим шудани он маълумоти расмӣ пахш нашудааст.

.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *