50 муаллими рус ба Тоҷикистон омаданд: Аз математика, боилогия, химия ва физика дарс мегӯянд

Рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон, як гурӯҳ омӯзгорони рус вориди Тоҷикистон шуданд, хабар медиҳад сомонаи sputnik-tj.com бо такя ба хабари сафорати Русия дар Душанбе.

Тибқи иттилои манбаъ дар миёни 50 муаллимони рус, ки озими Тоҷикистон шуданд, омӯзгорони фанҳои математика, забони русӣ, боилогия, химия ва физика мебошанд.

Лоиҳаи башардӯстона, ки таҳти сарпарастии Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия ва парлумони Тоҷикистон амалӣ мешавад, соли 2017 оғоз ёфт.

Гуфта мешавад, омӯзгорони рус дар 22 макотиби шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ ва манотиқи дигари ҷумҳурӣ тақсим мешаванд.

Русия барои овардани омӯзгорони рус ба Тоҷикистон ҳавопаймои вижа мефиристад

Инчунин, Россотрудничества дар Тоҷикистон адабиёти гуногунро бо забони русӣ ба мактабҳои миёнаи вилояти Суғд интиқол додааст. Дар маҷмӯъ, 1659 китоб, аз ҷумла китобҳои дарсии забон ва адабиёти рус, хониши бадеӣ, китобҳои дарсӣ барои рушди нутқ, маҷмӯаҳои диктантҳо ва асарҳои эҷодӣ супорида шуданд.

Ёдовар мешавем, дар ояндаи наздик бо ибтикори вазоратҳои маорифи Тоҷикистону Русия, дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода, панҷ мактаби русзабон кушода мешавад.

Таълим дар ин мактабҳо бо забонӣ русӣ ва дар доираи барномаи таълимии Вазорати маорифи Тоҷикистон сурат мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *