53 нафар сокинони Ванҷ шомили гуруҳҳои террористӣ. Президент боз чӣ гуфт?

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинони Ванҷ гуфт, аз соли 2014 то имрӯз 53 нафар сокинони ноҳия дар ҳайати ташкилоту гурӯҳҳои байналмилалии террористиву экстремистӣ дар муқовиматҳои мусаллаҳона дар қаламрави дигар давлатҳо иштирок доранд. Аз онҳо 3 нафар зан мебошанд. Президент афзуд, ки аз ин миён 20 нафарашон сокинони деҳоти Язгулом, 13 нафар аз деҳоти Рованд, 11 нафар сокинони деҳоти М. Абдуллоев ва 7 нафар аз деҳоти Техарв мебошанд.

“Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба ин шахсон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, онҳо дар кофтуков эълон карда шудаанд. То имрӯз 12 нафари онҳо дастгир ва ба Ватан баргардонида шуда, нисбат ба 8 нафар парвандаҳои ҷиноятӣ барои баррасӣ ба суд ирсол гардидааст”, — таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ афзуд, ки инчунин 96 нафар сокинони ноҳия дар солҳои 1992-2015 дар муассисаҳои таълими динии хориҷӣ ғайрирасмӣ таҳсил доштанд, ки 92 нафари онҳо ба Ватан баргардонида шуда, 4 нафари дигар то ҳанӯз дар шаҳри Қоҳираи давлати Миср ба таври ғайрирасмӣ таҳсили динӣ гирифта истодаанд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарону масъулони ноҳия, ҷамоатҳои деҳот, фаъолон ва аҳли зиё бояд корро дар байни аҳолӣ доир ба аҳаммият ва нақши истиқлолу озодӣ дар ҳаёти ҳар як инсон, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, расидан ба қадри Ватан, миллат ва арзишҳои неки миллӣ ҷоннок намоянд.
“Ман ба нангу номус ва ҳисси баланди миллии сокинони ноҳияи Ванҷ бовар дорам ва бо эътимоди комил изҳор менамоям, ки онҳо дар оянда низ бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои рушди минбаъдаи ноҳия ва Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ва барои дар сатҳи баланди омодагӣ истиқбол намудани ҷашни муқаддаси Ватани маҳбубамон — сисолагии истиқлолияти давлатӣ саҳми босазои хешро дареғ намедоранд”, — таъкид кард Президент.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.