Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

550 нафар аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат узви ҲХДТ шуданд

56 донишҷӯи зинаи бакалавр,  12 магистранти соли якум ва дуюм ва  8 омӯзгори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат  аъзогии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро қабул карданд.

Аъзогии ин нафарон тавассути ташкилоти ибтидоии «Соҳибкор» — и донишкадаи мазкур сурат гирифт. Ба аъзоёни нав раиси ташкилоти ибтидоии «Соҳибкор»  Қодирзода Диловар Баҳридин дафтарчаи аъзогӣ ба ҲХДТ-ро супорида, ба онҳо дар амалисозии ҳадаф ва мароми ҳизб, баҳри пешрафти Тоҷикистон ва баландбардории некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар маваффақият орзу намуд.

Дар маҷмӯъ, то имрӯз  550 нафар аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.