«6 ҳазор узви «Давлати исломӣ» аз Осиёи Марказӣ аст»

Коршиноси рус идда кардааст, ки тақрибан беш аз 6 ҳазор узви гуруҳи террористии «Давлати исломӣ» аз кишварҳои Осиёи Миёна мебошанд.

Ба гуфтаи Рафал Рогозинский, коршиноси умури байналхалқии Русия шумори ҷангиёни террористии «Давлати Исломӣ» дар кишварҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз беш аз шаш ҳазор аст.

Коршиноси рус ин нуктаро рӯзи 21 июн дар форуми Осиёи Миёна оид ба назорати интернет (CAIGF) изҳор дошт, ки он дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷарарён гирифт.

Институти байналмилалии тадқиқоти страгтегӣ низ омореро ироа кард, ки шумори ҷангиёни «Давлати исломӣ» аз Осиёи Миёна дар ҳоли афзоиш аст ва дар байни онҳо аз ҳама бештар шаҳрвандони Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошанд. Ин ниҳоди стратегӣ эълон кардааст, ки кормандони хадамотҳои кишварҳои номбурда, аз ҳоли  ҳозир зарурати ҳамкориро дарк карда, ба муқобили терроризм мубориза мебаранд.

Ин омор аз суйи коршиноси рус дар ҳоле ироа мешавад, ки Николой Бордюша, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ(СПАД) гуфта буд, беш аз 10 ҳазор нафар аз кишваҳои узви ин созмон дар ҷангҳои Сурия ширкат доранд.

Масъалаи таҳдиди «Давлати исломӣ» ба масоили муҳими гуфтугӯ дар байни роҳбарони кишварҳои пасошӯравӣ ва коршиносон табдил шуддаст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *