6 медали юнонию румӣ аз Қирғизистон

Мунтахаби Тоҷикистон оид ба гуштии юнонию румӣ таҳти роҳбарии сармураббӣ Ҳабибулло Абдуллоев аз кишвари Қирғизистон бо 6 медал баргашт.
Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ёдбуди вакили парлумони Қирғизистон паҳлавони номӣ Баяман Эркинбаев фаъолона иштирок карданд. Тавре Ҳабибулло Абдуллоев иттилоъ дод, мусобиқаи мазкур аз 27 то 29 октябр дар шаҳри Ош доир шуда, дар он 200 паҳлавон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон зӯри бозу озмуданд.
10 варзишгари аъзои мунтахаби Тоҷикистон аз мусобиқаи мазкур 6 медал – 2 медали тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд. Медалҳои тиллоро дар вазни 66 кг Лоиқ Амирхонзода, 130 кг Азмуддин Ваҳҳобов, нуқраҳоро дар вазни 59 кг Рӯзадор Ҷуганиев, 71 кг Азизбек Шарифзода ва медалҳои биринҷиро Суҳроб Абдулҳаев (75 кг) ва Шарафҷон Файзиев (71 кг) муяссар шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *