Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Картошка аз фонди Оғохон вориди Тоҷикистон гардид

Аз фонди Оғохон ба Тоҷикистон 509, 28 тонна тухмии картошкаи репродуксионии навъи «Бигроза» ва 80 тонна картошкаи тухмии навъи «Ред скарлет»  ворид карда шуд. Дар ин бора Вазорати кишоварзӣ хабар дод.

 Бино ба иттилои манбаъ аз ин миқдор тухми, хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 118, 780 тонна, Хатлон 75, 50 тонна, Бадахшон 208 тонна ва водии Рашт 107 тонна дастрас намуд.

Инчунин аз тарафи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО ООН) ба мамлакат 80 тонна картошкаи тухмии навъи «Ред скарлет» ворид гардид, ки 30 тонна ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ва 50 тонна ба ноҳияҳои водии Рашт фиристода шуд.

-->

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Ҷамшед 19.05.2020 19:38

    Бо арзи салом!
    Аз роҳбарияти ва ё маъмурияти сомона эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки рақами кумаки картошкаи тухмиро дақиқ нависед. Аз Фонди Оғохон 60 000 тона не, балки 510 тонна тухмии картошка ба Тоҷикистон ворид гардидааст. Аз ин миқдор ба
    — Вилояти Хатлон: 75,50 тонна
    — Вилояти Суғд: 118,780 тонна
    — ВМКБ: 208 тонна, аз ҷумла 20 тонна тухмии картошкаи элита аз Олмон
    — Водии Рашт: 107 тонна тақсим карда шудааст.
    Пешопеш сипосгузорам,
    Ҷамшед Миров
    корманди коммуникатсияи Ташкилоти Оғохон ид ба рушд дар Тоҷикистон

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.