Картошка аз фонди Оғохон вориди Тоҷикистон гардид

Аз фонди Оғохон ба Тоҷикистон 509, 28 тонна тухмии картошкаи репродуксионии навъи «Бигроза» ва 80 тонна картошкаи тухмии навъи «Ред скарлет»  ворид карда шуд. Дар ин бора Вазорати кишоварзӣ хабар дод.

 Бино ба иттилои манбаъ аз ин миқдор тухми, хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 118, 780 тонна, Хатлон 75, 50 тонна, Бадахшон 208 тонна ва водии Рашт 107 тонна дастрас намуд.

Инчунин аз тарафи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО ООН) ба мамлакат 80 тонна картошкаи тухмии навъи «Ред скарлет» ворид гардид, ки 30 тонна ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ва 50 тонна ба ноҳияҳои водии Рашт фиристода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *