“61 алами…” Субҳон Ҷалилов

Китоби шоумен ва ровии шинохта, директори барномаҳои “Радиои Ватан” Субҳон Ҷалилов таҳти унвони “61 алами бемодарӣ” аз чоп баромад.

Китоби шоумен ва ровии шинохта, директори барномаҳои “Радиои Ватан” Субҳон Ҷалилов таҳти унвони “61 алами бемодарӣ” аз чоп  баромад. Дар ин маҷмӯа 61 рубоӣ ва дубайтии Субҳон гирд оварда шудааст, ки пас аз вафоти модараш эҷод гардиаанд.

Дар муаррифии китоб омадааст: “61 алами бемодраӣ”-шасту як дарди дил, шасту як оташи ҷонсӯзи ҷудоӣ аз модар аст. Ишқи модар, ёди модар, меҳри модар дар дили фарзанд чӯби алам гаштаву қомати шеър шуда. Ин ҳақиқат аз ин маҷмӯа ошкор мегардад, ки модар биҳишти фарзанд аст ва алами бемодарӣ хати сиёҳи сарнавишт.”

Модари Субҳон Ҷалилов моҳи октябри соли 2018 дар синни 62 солагӣ аз олам даргузашт.

 Аз маҷмӯаи “61 алами бемодарӣ” бармеояд, ки аз он замон то ба имрӯз Субҳон дар фироқи модар шеър мегуфт ва имрӯз он ба шакли китоб пешкаши хонандагон шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *