7 млн сомонӣ маблағи зарар барои 7 ҳазору 729 нафар

  Муовини аввали сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев дар нишасти матбуотии худ маълум кард, ки имрӯз фаъолияти «Тоҷиксуғурта» баҳри татбиқи 28 намуди суғуртакунонӣ равона шудааст, ки аз инҳо 13 намудаш ҳатмӣ ва 15 намудаш ихтиёрӣ мебошад. Аз рӯйи ҳамаи ин намуди суғуртаҳо дар шашмоҳаи якуми соли равон қариб 29 млн сомонӣ ворид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 фисад зиёд аст.
Ба гуфти Абдуллоев «Тоҷиксуғурта» ба 7 ҳазору 729 шахсе, ки дар ҳолатҳои суғуртавӣ ба саломатиашон осеб расида, амволашон зарар дидааст, наздики 7 млн сомонӣ товони зарар пардохт кардааст. Дар асоси шартномаҳо ба шахсони юридикӣ ва воқеии шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Рӯдак Ашт, Айнӣ, Нуробод, Шаҳристон, Варзоб, Файзобод, Дарвоз ва Рашт, ки аз офатҳои табиӣ зарар дидаанд, 226 ҳазору 900 сомонӣ маблағ пардохтааст.
Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *