Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

78 ҳазор сомонӣ дӯздида шуд, 3 ноболиғ гумонбар

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод, ки 78 ҳазор сомонии ҷавонзанеро аз хонаи истиқоматияш дӯздидаанд ва гумонбарон ноболиғанд.

Як зани 30-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо ариза ба ШВКД-2 дар ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 2-юми майи соли 2021, тахминан соати 02:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 78 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия се ноболиғи 15 ва як ноболиғи 16-солаи сокинони ҳамин ноҳия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.

  Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.