80 дирам: муштарӣ не, ширкат медиҳад

Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, рақампулии 80-дирама аз ин ба баъд на аз ҳисоби муштариён, балки операторони алоқа ситонида мешавад. Дар ин бора хабар медиҳад Sputnik Тоҷикистон.

Наргис Ёдгорӣ, сармутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқии Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки арзиши хизматрасонии рақамгузорӣ – 80 дирам дар нархномаи хизматрасониҳои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон вуҷуд дорад, аз ин хотир, бекор карда намешавад.

Мавсуф афзуд: “Ин хилофи Қонуни ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон буд. Муштарӣ ҳангоми ба даст овардани симкорт ва истифодааш пули онро пардохт кардааст. Мутаассифона, ин тартиб то соли 2020 омад. Ҳоло мо ба ин натиҷа расидем, ки тартиби ситонидани маблағи хизматрасонии рақамгузориро бекор кунем, на худи хизматрасониро”.

Гуфта мешавад, ки нархномаи хизматрасониҳои Хадамоти алоқа ҳанӯз соли 2015 бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ мувофиқа карда шудааст ва рақампулӣ ба маблағи 80 дирам, ки дар ин нархнома ҳаст, ҳам асоси иқтисодӣ ва ҳам ҳуқуқӣ дорад.

Ҳамин тавр, Хадамоти зиддинҳисорӣ 26 феврали соли равон фармоишеро таҳти рақами №10 дар бораи танзими хизматрасонии рақамгузорӣ дар бозори хизматрасонии соҳаи алоқа содир намуда, ба ширкатҳои мобилӣ фиристод. Бино бар он, ширкати мобилӣ муваззаф шудааст, рақампулиро бевосита аз мардум нагирад, балки онро алоҳида аз ҳисоби худ пардохт кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *