96 корхонаи саноатӣ аз фаъолият боз монд

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар як мусоҳибае гутааст, ки дар соли расон 96 корхонаи саноати бо сабабҳои гуногун фаъолият накарданд

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва техналогияҳои нави Тоҷикистон, дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” таъкид доштааст, ки дар нимсолаи аввали соли равон 96 корхона дар саросари Тоҷикистон фаъолият накарданд, ки ба соҳаи саноати хӯрокворӣ, сохтмон, саноати сабук, мошинсозӣ, табъу нашр, ангишт ва маъдан рост меоянд.

Вай гуфт, ки дар ин давра дар ВМКБ 6, вилояти Суғд 17, вилояти Хатлон 23, НТҶ 20 ва шаҳри Душанбе 30 корхона фаъолият накардааст.

Шералӣ Кабир сабабҳои асосии фаъолият накардани 96 корхонаро, аз ҷумла дар марҳилаи барҳамхӯрӣ қарор доштан, муфлисшавӣ, мушкилоти молиявӣ, қарзи андозӣ, баҳси амвол бо бонкҳо, фарсудашавии таҷҳизот, надоштани иҷозатнома, аз ҷумҳурӣ рафтани роҳбари корхона бинобар шаҳрванди хориҷӣ будан, надоштани бино, қитъаи замин ва дигар намудҳои самти фаъолият рабт дод.

“Бо назардошти сабабҳои дар боло дарҷгардида, аз рӯйхати корхонаҳои саноатӣ баровардани онҳо (дар равзанаи корхонаҳое, ки аз андоз қарздоранд, боқӣ мемонанд) мувофиқи мақсад мебошад ва корҳо дар ин самт идома доранд”, — қайд кард ӯ.

Тибқи иттилои вазорати саноат дар давраи сипаригашта 157 корхонаи саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар онҳо 1366 кас соҳиби ҷойи кор шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *