Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар Тоҷикистон ҳудуди 3 миллион тонна семент тавлид шуд

Дар 8 моҳи соли ҷорӣ дар корхонаҳои сем ентбарории Тоҷикистон 2,7 миллион тонна сементи навъҳои 400, 500 ва 600 истеҳсол шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияи нави Тоҷикистон ба хориҷи кишвар беш аз 1 миллион тонна семент содир гардидааст.

Кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон аз воридкунандагони аслии сементи Тоҷикистон маҳсуб шуда ва дар соли ҷорӣ ин кишвар ба миқдори 635 ҳазор тонна семент ворид кардааст.

Ҳамчунин, Тоҷикистон ба Афғонистон ба миқдори 379 ҳазор тонна ва Қирғизистон 50 ҳазор тонна семент содир кардааст.

Ниёзи Тоҷикистон ба семент солиёна то 3,5 миллион тоннаро ташкил медиҳад.

Феълан дар Тоҷикистон 14 корхонаи семетбарорӣ фаъолият карда ва дар як сол ба миқдори 5 миллион тонна семент истеҳсол мекунанд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.