Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ақли Амрико баъди 20 сол даромад…

Амрикоиҳо: ҷанг дар Афғонистон иштибоҳ буд, аҷабо инро кай дарк карда бошанд? Наход ҳамин як соат пеш. Токунун магар он ақлу заковату фаҳмашон инро эҳсос намекард? Пас аз оне, ки ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳро ин озодихоҳҳои хунрезу таҷовузгар куштанду ғорат карданду оташ заданд, баъд дарк карданд?! Ин ҳам дарди ба хайр!

Натоиҷи як назарсанҷӣ нишон дод, ки шумори зиёде аз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида ҷанги Амрико дар Афғонистонро иштибоҳ медонанд

Ин соли 1989 ро ёдрас менамояд, ки ҳангоми Шӯравӣ аз хоки Афғонистон баромадан гуфта буданд: Ҷанг бо Афғонистон хатои маҳз буд! Ва дар инҷо ба хулосае меоем, ки русҳо нисбат ба амрикоиҳо донотару боҳуштар будаанд, зеро ақли русҳо баъди 10 солу ақли амрикоиҳо баъи 20 даромад. Ва хатои худро фаҳм карданд.

Назарсанҷии ҷадид ташкилоти Голуп нишон дода, ки 47 дарсади амрикоиҳо бар онанд, ки даргир шудани ин кишвар дар ҷангдар Афғонистон як иштибоҳ буд. Ин дувумин бор дар таърихи Амрико аст, ки камтар аз ними амрикоиҳо муътақиданд, ки ин ҷанг иштибоҳ набудааст.
Натиҷаҳои назарсанҷӣ дар ҳолест, ки марҳилаи ниҳоии хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон идома дорад. Артиши Амрико ахиран иттилоъ дода, ки то аввали моҳи равон беш аз 95 дарсади раванди хуруҷи нерӯҳо ба итмом расидааст.

Маркази назарсанҷии “Галуп” аз соли 2001 инҷониб аз амрикоиҳо ин суолро пурсидааст.

Ин бори аввал аст, ки теъдоди амрикоиҳои бештаре ҷанг дар Афғонистонро як иштибоҳ донистаанд.

Ин назарсангҷӣ бар ҳасбу вобастагии ҳизбӣ мутафовит буд ва 56 дарсад аз демократҳо, 54 дарсад гурӯҳҳои мустақил ва 29 фоизи ҷумҳурихоҳон гуфтанд, ки ҷанги Амрико дар Афғонистон иштибоҳ буд.

Охирин боре ки демократҳо гуфтанд, ки ҷанги Амрикоиштибоҳ нест марбут ба моҳи май соли 2011 буд, каме баъд аз он ки нерӯҳои амрикоӣ раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лодинро дар Покистон куштанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.