Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аҳмадзода ба манзили фавтидагон аз бемории сироятӣ омад

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни сафар ба шаҳри Панҷакент ба манзили фавтидагон аз бемории сироятӣ омада, дуо хонд. Инчунин, оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтидаро аёдат намуд.

Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд мегӯяд, 21 майи соли равон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тибқи дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба манзилҳои фавтидагон аз бемории сироятии илтиҳоби шуш ташриф оварда, аҳли оилаи онҳоро аёдат намуда, таъзияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро расонид.

“Раиси вилояти Суғд аз ҷумла оилаи фавтидаи бемории сироятии илтиҳоби шуш Робия Дӯстова, сокини деҳаи Сӯҷинаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷина ва оилаи фавтида Хурсандой Гадоева, сокини кӯчаи ба номи О. Мӯъминова, №78 – и шаҳри Панҷакентро аёдат намуда, ба аҳли оила изҳори ҳамдардӣ баён дошт ва кӯмаки моддӣ расонда шуд”, -мегӯяд манбаъ.

Панҷакент

Раҷаббой Аҳмадзода ба мардуми ин маҳаллаҳо сӯҳбат намуда, ба роҳбарияти шаҳр ва масъулин дастур дод, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати идома додан ва пурзӯр намудани корҳои безараргардонӣ, тарғибу ташвиқи чораҳои мубориза бар зидди пандемияи нав чораҷӯӣ карда, пӯшидани ниқобҳои муҳофизатро дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ, мағозаву дорухонаҳо ва бозорҳо зери назорати ҷидди қарор диханд. Қоидаҳои гигиенӣ, меъёрҳои фосилавиро риоя намуда, наздикон ва аҳли оилаи худро эҳтиёт кунанд. Гуфта шуд, ки бо заҳмати шабонарӯзии табибони тоҷик аксари мубталоёни бемории COVID-19 шифо ёфта истодаанд. Ҳоло сироятёбӣ ба ин беморӣ коҳиш ёфта истодааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.