Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аҳмадзода бо фаъолон вохӯрд: Таъсиси комиссия оид ба ҳалли низои мусаллаҳона

Субҳи рӯзи 30 апрел бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо ҳузури фаъолони шаҳру деҳоти Исфара машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид. Хабар дод, Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар машварат таъкид карда шуд, ки бо ташаббуси ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон комиссия оид ба ҳалли низои мусаллаҳона таъсис ёфт.

Ҷонибҳо оқибатҳои ҳодисаро муҳокима карданд ва тибқи мувофиқа даргириҳои мусаллаҳона қатъ карда шуд. Айни замон гурӯҳи кории муштараки ду кишвар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти иҷроия таъсис ёфта, баҳри фароҳам овардани шароити мувофиқ ва ташкили музокироти судманд корбарӣ карда истодаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки оқибатҳои даргириҳои рӯзи гузашта пурра бартараф гардида, хатти интиқоли барқ ва пулу роҳҳо таъмир карда мешаванд.

-Мо барои бозшавии роҳҳо бо роҳбарияти вилояти Бодканд гуфтушунид анҷом додем ва ин мушкил низ ҳал хоҳад шуд,-илова кард Раҷаббой Аҳмадзода.

Роҳбари вилоят ҳамзамон аз сокинони наздимарзӣ даъват кард, ки ба иғвою эҳсосот дода нашуда, ҳушёриву зиракии сиёсиёро аз даст надиҳанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.