Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сабзӣ, ки тибқ иттилои расмӣ моҳи феврали соли равон ҳудуди 30-40 дирам нарх дошт, то 10 июл  дар Душанбе ҳар килои он ба ивази то 4  сомонӣ фурӯхта шуд.
Савдогарон як килои сабзиро ба ивази 3,5-4  сомонӣ фурӯхта, изҳор доштанд, ки нархаш дар бозорҳои дигар боз болотар аст. Тоҷирони “Шоҳмансур” сабаби болоравии нархи сабзиро ба воридоти ками он ба бозор рабт доданд.Воридоти сабзӣ аз Хатлон ва дигар навоҳии тобеи марказ кам шудааст: “Ҳоло бо оғози воридот аз Суғд, махсусан аз Истаравшан нархи сабзӣ метавонад дубора поён равад”. Воқеан ҳам бегоҳирузи рузи 10 июл дар бозори Шоҳмансур маъмурияти ин бозор бо нархи 2 сомонӣ сабзиро ба фурӯш баровард.
Моҳи феврали соли равон Эмомалӣ Раҳмон, президенти  Тоҷикистон нархи сабзиро, ки дар Душанбе як килои он ба ивази 1 сомонӣ фурӯхта мешуд, қимат хонда буд. Он замон хабаргузории давлатии “Ховар” иттилоъ дода буд, ки тоҷирону миёнаравҳо 3-4 килои онро аз замин бо нархи яклухти 1 сомонӣ мехаранду дар бозорҳои пойтахт ҳар килои онро ба ивази 1 сомонӣ мефурӯшанд. Дар иттилоия таъкид шуда буд, ки “ин ҳолат тайи рӯзҳои охир мавриди таваҷҷуҳ ва нигаронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт”.

Баъдан  Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, бо имзои як қарор раиси бозори “Саховат” Давлаҳмад Саидовро аз мақомаш барканор карда, ба роҳбарони дигар бозорҳо огоҳӣ дода буд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.