Аҳолии Ӯзбекистон 32 миллиону 121,1 ҳазор нафар шуд

 

Маркази матбуотии Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон маълумотномаи демографии ин кишварро нашр кард. Бино ба омори расмие, ки манбаъ нашр кардааст, нуфуси аҳолии Ӯзбекистон мувофиқи 1 январи соли 2017 32 миллиону 121,1 ҳазор нафарро ташкил мекунад.

Дар соли гузашта аҳолии кишвар 545,8 ҳазор нафар зиёд шудааст, ки 1,7%-и миқдори умумиро ташкил медиҳад.

Миқдори зиёди аҳолии Ӯзбекистон-  6238,5 ҳазор нафар ё  50,6 % дар шаҳр ва  15882,6 ҳазор нафар ё  49,4 %-и он дар навоҳӣ зиндагӣ мекунанд.

Дар соли 2016 дар Ӯзбекистон 275,1 ҳазор акди никоҳ баста шудааст, ки назар ба соли 2015 камтар мебошад. Ҳамчунин, дар ин сол  29,4 ҳазор шартномаи никоҳ қатъ шудааст, ки бештари ин омор ба вилоятҳои Ҷиззах, Сирдарё ва Хоразм сурат гирифтааст.  Дар вилоятҳои Бухоро, Навоӣ ва Тошканд, баръакс миқдори бастани никоҳҳо бештар ва миқдори қатъи он кам шудааст.

соли гузашта ба Ӯзбекистон 141,7 ҳазор нафар ворид шуда, 168,3 ҳазор нафар аз кишвар хориҷ шудаанд. Миқдори шаҳрвандоне, ки Ӯзбекистонро ба қасди муҳоҷират тарк кардаанд, 26,6%-ро ташкил медиҳад. Қисми зиёди муҳоҷирон аз вилоятҳои Тошканд, Самарқанд ва Ҷумҳурии мухтори Қароқалпоқистон мебошанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *