Ҷаҳон Қурбонов дар даври нимафинлии чемпионати Осиё

Ғалабае, ки боксчии  шинохта Ҷаҳон Қурбонов, рӯзи 3 май дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар шаҳри Тошканд (Ӯзбекистон) дар вазни то 91 кило бар Маҳмуд Саноуллоҳ аз Покистон бо ҳисоби 5:0 ба даст овард, ба вай имкон дод, ки ба нимфинал ин мусобиқа бонуфуз  роҳхат гирад.

Ҷаҳон Қурбонов, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври чорякниҳоӣ шуруъ кард. Ӯ 5 май дар нимфинал бо Сумит Сангван аз Индонезия барои ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтан талош меварзад. Бояд гуфт, ки новобаста аз натиҷаи ин қувваозмоӣ Ҷаҳон Қурбонов ҳадди ақал медали биринҷии қаҳрамонии Осиёро соҳиб мешавад.

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё дар Тошканд, ки бо ширкати 179 варзишгар аз 28 кишвар ҷараён дорад, рӯзи 7 май ба поён мерасад. Варзишгарон ба ҷуз медалҳо, барои роҳхатҳо ба мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон, ки аз 25 август то 4 сентябр дар Ҳамбурги Олмон баргузор мешавад, мубориза мебаранд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *