Аҳтам Абдуллозода: «Волонтёрҳо дар маршировка ихтиёран  иштирок доранд»

   Дар нишастии матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ниҳоди мазкур Аҳтам Абдуллозода бештар ба саволҳои сершумори намояндагони васоити ахбори омма ҷавоб дод. Аз посухҳои ӯ маълум шуд, ки дар фаъолияти Кумитаи номбурда дар шашмоҳаи аввали соли равон камбудии ҷиддӣ вуҷуд надорад. Ҳалли камбудиҳое, ки пеши рушди варзиши шиноварӣ, камонварӣ, чавгонбозӣ ва чанд намуди олимпию ғайриолимпиро  мегиранд, ба мушкилоти маблағӣ вобаста мебошанд.

   -Мувофиқи маълумоти оморӣ то 1 январи соли 2016 дар кишвар 8590 иншооти варзишии шакли моликияташон гуногун ба қайд гирифта шудааст. Аз ин теъдод 111 ададаш варзишгоҳ, 6056 ададаш майдончаи варзишӣ, 1610 –тоаш толорҳои варзишӣ, 83 ададаш ҳавзҳои шиноварӣ ва 730 маҷмааю иншооти  махсус, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ мебошанд. Аз ҷониби сохторҳои маҳаллӣ ва минтақавии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ 1772 чорабинии оммавии варзишӣ бо иштироки беш аз 570 ҳазор нафар баргузор гардидааст. Дар нимсолаи аввали соли равон бо дастгирӣ ва маблағгузориҳои  мустақими Кумита 245 варзишгар ба мусобиқаҳои байналмилалӣ сафарбар шуда, онҳо ба хазинаи варзишии кишвар 119 медал (38 медали тилло, 34 нуқра  ва 47 биринҷӣ) ворид карданд. То имрӯз 7 варзишгар ба гирифтани роҳхатҳои олимпӣ ҷиҳати иштирок дар Олимпиадаи Рио-2016 муяссар гардидаанд.

   Аҳтам Абдуллозода ба саволи хабарнигори «Тоҷикистон»: «Назари шумо ба мушкилоти фарогирии донишҷӯёну хонандагони синфҳои болоии мактабҳо ба маршировкаи ҷашни 25-солагии Истиқлолият чӣ гуна аст? Чӣ бояд кард, ки онҳо ба кори асосии худ машғул шаванд?» чунин ҷавоб дод:

   — Ин масъала ба салоҳияти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ  дахл дорад. Дар маршировка даҳҳо нафар волонтёрҳои Кумита низ фаро гирифта шудаанд. Мо аз фаъолияти онҳо огоҳ ҳастем, ҳамаашон бо майли том ва ихтиёрӣ дар маршировка иштирок доранд ва онро як навъ вазифаи худ меҳисобанд. Дар бораи ҷалби донишҷӯёну хонандагон  дар ҷараёни соли таҳсил ман маълумоте надорам. Мо аз фаъолнокии ҷавонон дар чорабиниҳои ватандӯстона истиқбол мегирем.

Эмоми Назариён.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *