Абдуқодир Талбаков: Дар ҳаққам дуо накунед!

Абдуқодир Талбаков директори Китобхонаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ки бо баҳсҳои тезутундаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф аст, хабар дод, ки гирифтори короновирус шудааст, аммо даъват кардааст, ки барояш дуо накунанд.

“Куруно шудам дар ҳаққам дуо накунед, ҳар киро талаби дуо карданд, мурд. Таваккул ё таваккал ба Худо бояд кард!!!” – навиштааст, чанде пеш Абдуқодир Талбаков дар Фейсбук.

Ин навиштаи Абдуқодир Талбаков, ки ҳамеша исломгароён ё ба қавли худаш фонатикҳоро интиқод ва дини зардуштиро тарғиб мекунад боиси сарусадои зиёде дар Фейсбук гардид.

      Нархи солонаи обуна 100 сомонӣ.

Бо вуҷуди ин, мо ба ҳамкасбамон Абдуқодир Талбаков орзуи саломатӣ ва шифои комилу оҷилро мекунем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *