Бунёдгузори «Ҳотам ПВ» аз сактаи қалб даргузашт

Кимиёдони тоҷик ва бунёдгузори литсейи «Ҳотам ПВ», Абдуфаттоҳ Ҳотамов дар синни 69-солагӣ аз олам даргузашт. Ҷанозаи  Абдуфаттоҳ Ҳотамов имрӯз, 27 апрел, соати 10 дар деҳаи Чамани шаҳри Ваҳдат баргузор мегардад.

Юсуф Ҳотамов, писари Абдуфаттоҳ Ҳотамов, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки падараш шоми 26-уми апрел дар Душанбе аз сактаи қалбӣ (инфаркт) фавтид. Ӯ илова кардааст:  «Падарам аз ин пеш ду дафъа сактаи қалбиро паси сар карда буданд. Имрӯз низ дилашон сахт дард кард, Ёрии таъҷилиро даъват намудем, аммо дер шуд, кӯмак карда натавонистанд».

Ҳотамов аз шахсиятҳое буд, ки ҳастияш ба ояндаи нек умед мебахшид. Мактабе, ки бунёд гузошт, беҳтарин мактаби кишвар ба ҳисоб мерафт. То ду соли пеш ин ҷо танҳо мактабе буд, ки на галстук мепурсиданду на рӯймолкашӣ талаб мекарданд. То вақте ки мақомот дар дарвозаи мактаб қаровул гузошт, ки ҳеҷ талабаеро бидуни галстук ва ҳеч толибаеро бо рӯймол нагузоранд, ки ворид шавад. Бо вуҷуди саддгузориҳои бархе аз мақомдорон шогирдони ин мактаб дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои сазовор мешуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *