Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Абдухалил Холиқзода: Мардум коронавирусро мисли зуком мегузаронанд

Абдухалил Холиқзода, роҳбари  Бемористони Ибни Сино мегӯяд,  мардум бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ метавонанд, ки давоми ду-се моҳ аз коронавирус халос шаванд.  

Абдухалил Холиқзода дар суҳбат бо “Озодӣ” гуфтааст, КОВИД-19 беморие нест, ки ҳама аз он бимирад ва аксари мардум онро мисли зукоми маъмулӣ пушти сар мекунанд., мардум бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ метавонанд, давоми ду-се моҳ аз коронавирус халос шаванд.

Ӯ афзуд: “Аз ин касалӣ тарсидан, воҳима кардан ҳеч зарурат надорад. Танҳо бо риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, бо фосилагузорӣ дар байни ҳамдигар, шустани пайвастаи дастҳо ва пушидани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, метавон ба ин касалӣ мубтало нашуд. Дар ҳоли мубтало шудан ҳам ҳеҷ ҷойи воҳима надорад. Инро аксари мардум хеле осон аз сар мегузаронанд ва ин касал низ сартосар кушанда нест.”

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.