Абдулқодирзода: Масҷид пеш аз Наврӯз кушода мешавад

Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе моҳи марти соли равон пеш аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба истифода дода мешавад. Дар ин бора имрӯз Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода хабар дод.

Хотирасон мешавем, ки соли гузашта ба истифода додани масҷиди мазкур чанд маротиба дар сархати хабарҳо буд ва ҳамагон ба боваре буданд, ки 5 октябр кушода мешавад, вале нашуд.

Хишти аввали сохтмони ин масҷидро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 дар рӯзҳои таҷлил аз 1310-солагии Имоми Аъзам гузошта буд.

Ин масҷид дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз 4 манораи баландиашон 65-метрӣ, гумбази 47-метрӣ, толори бузург, толорҳои хурди намозгузорӣ, китобхона ва нишеману утоқҳои сершумор барои ҷаласаҳо иборат аст.

Дар ин масҷид то 150 ҳазор нафар метавонанд дар як вақт намоз гузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *