Абдуллоҳи Раҳнамо раҳо шудан аз коронавирусро тавлиди дубора номид

Абдуллоҳи Раҳнамо, донишманди фарҳехта ва мушовири Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод, ки аз бемории коронавирус  пурра шифо ёфта, аз бемористон мураххас гардидааст.  

Дар “Лавҳаи сипосу қадрдонӣ”-и худ аз тамоми дӯстону наздикон ва табибон барои дар ин рӯзҳои сангин дар канораш будан изҳори миннатдорӣ мекунад. Тавре худи  Абдуллоҳи Раҳнамо дар саҳифааш менависсад:

“ДАВЛАТ ҳимоят кард,
МИЛАТ табобат кард,
ХУДОВАНД иноят фармуд.

(Лавҳаи сипосу қадрдонӣ)

Салому эҳтиром ба дӯстони гиромӣ.

Имрўз, пас аз озмоишҳои ниҳоӣ, духтури масъул табрик гуфт, ки аз марҳилаи аслии беморӣ раҳо шудаам. 33 рўз дар ин мушкила тапидам, ки бахше аз он, хоса миёнаи моҳ, дар тангии нафас ва марзи хатар гузашт. Чун дар гурўҳи осебпазир будам, сахту тўлонӣ гирифт, аммо шукр, ки инак вориди марҳилаи барқарорӣ мешавам. Ҳамсарам низ акнун ба хона омадаву писарам низ шифо ёфтааст.

Дар ин рӯзҳо садҳо қалби некхоҳ барои мо ташвиқу дуо фармуданд, даҳҳо дўсту хайрхоҳ паёму кумак расониданд. Тайи ин моҳ аз шогирдони мактаб то бузургони илму адаб, аз афроди оддии миллат то Роҳбарияти гиромии давлат, аз ҳабибони содиқ то табибони ҳозиу нисбати банда лутфу таваҷҷуҳу меҳрубонӣ зоҳир намуданд. Ҳар паёмро дидам ва ҳар саломро шунидам, ҳар яки онро дар ёд дорам ва аз ҳар яки Шумо сипосгузорам. Муҳимтар аз ин, Худованди бузургвор ин ҳамаро шуниду ба некон савоби азим ва ба банда растагорӣ аз азоби алим ато фармуд.

Дар ин лаҳзаи таваллуди дубора хусусан мехостам ба Ҳукумати фарҳангпарвари кишвар, ба роҳбарияти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ба тамоми дўстони бузургворе, ки сабаби ин хайр гаштанд, сипоси самимонаи худро нисор дорам. Тавре масъулони соҳа фармуданд, Роҳбарияти кишвар ба мавзуи ҳимояту табобати аҳли илму фарҳанг чун ба ҳимоят аз худи захираи илму маърифати миллӣ назар кардаанд, ки чунин нигоҳ таҷаллии фарҳанги давлатдорӣ ва хиради давлатмардист.

Ҳамчунин, мехостам бо камоли самимият қадрдонии махсуси худро аз масъулону табибони бахши 4-уми маркази тиббии «Шифобахш» (Қарияи боло) ва табиби сарпарасти муолиҷаи худ, инсони устувору росткор Хуршед Дўстов ва гурӯҳи ҳамкоронашон, ки кумаки аввалияи наҷотро он ҷо гирифтам, изҳор намоям.

Дар канори ин, вазифаи худ медонам, ки аз масъулону табибони Беморхонаи бемориҳои сироятии «Зарафшон» бо роҳбарии шахсияти оқилу кордон Хуршед Каримзода ва табиби масъули ҳоли банда доктори покизакор Қиматов Р.С. ва ҳамаи ҳамшираҳои меҳрубони ин даргоҳ сипосгузорӣ намоям.

Дар ин раванд банда худ шоҳиди ин ҳақиқат будам, ки табибони тоҷики мо чӣ қадар инсонҳои самимӣ, кордон, хушахлоқ ва худгузаштаанд. Онҳо бо як ҷасорати сутуданӣ вориди майдони хатар мешаванд ва барои наҷоти як инсон ҷони азизи худ ва фарзандону наздиконашонро ба гарав мегузоранд. Бешубҳа, онҳо қаҳрамонони воқеии даврони мо ва сазовори ҳама гуна эҳтирому қадршиносӣ ҳастанд.

Дар як калом, дар ин айёми мушкил маро давлат ҳимоят карду миллат табобат карду ХУДОВАНД иноят фармуд. Ва банда ин муҳаббати фарогирро ҳамчун масъулияти азим дарёфтам ва азми қотеъ дорам, ки агар умре боқӣ бошад, онро маҳз дар хидмати ҳамин се мафҳуми бузургу муқаддас бигузорам.

Бо оддӣ шудани вазъ, иншоаллоҳ, дар рўзҳои баъдӣ таҷрибаи нодир ва андешаҳои вофири худро дар бораи ин айёми печидаву сахт ва ин тобиши дубораи бахт бо азизон дар миён хоҳам гузошт.

Сипосгузору вомдори ҳамаи Шумо,
Абдуллоҳи Раҳнамо
04.06.2020”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *