Абдулло Орипов ба Душанбе меояд

Ҷаласаи навбатии комисияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ рӯзҳои 28 ва 29 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар ин бора хабаргузориҳо бо такя ба манобеи худ дар ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд.

Ҷаласаи комисияи байниҳукуматиро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ҳамтои ӯзбекаш Абдулло Орипов роҳбарӣ мекунад.

Гуфта мешавад, дар ин ҷаласа имкони бозкушоии марзҳои ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд. Марзи ду кишвар ба далели паҳншавии вируси корона аз миёнаҳои моҳи марти соли ҷорӣ ба ин тараф баста аст.

Ҳамзамон интизор меравад, дар ҷаласа тиҷорати дуҷониба, ояндаи тарҳҳои сармоягузорӣ, густариши робитаҳо дар бахши нақлиёт ва боркашонӣ баррасӣ шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *