Абдулло Раҳнамо: Шукрона аз неъмати саломатӣ

Ҳар боре дубора рӯи пой меистем, қадри зиндагию неъмати саломатӣ бароямон рӯшантар мегардад ва ҳарфи шукрона беихтиёр бар забон ҷорӣ мешавад…

Ва ҳар боре бозмегардем,рӯшантар мешавад, ки ин диёр чӣ хубу ин мардум чӣ маҳбуб аст ва ҳарфи шукрона беихтиёр бар забон ҷорӣ мегардад…

Шукрона як амри маҷбур нест,

Муҳтоҷи фармону дастур нест.

Шукрона як рукни имони мост,

Фарҳанги халқи мусулмони мост.

З-ин рў ман аз решаву магзи ҷон,

Шукрона дорам ба вирди забон.

Шукронаи обу хоки Ватан,

Шукронаи номи поки Ватан.

Шукронаи даштҳои баланд,

Шукронаи мардуми арҷманд.

Шукронаи гарму сарди ҳаёт,

Шукронаи хуррамию субот.

Шукронаи пойҳои равон,

Шукронаи наслҳои ҷавон…

Шукрона як амри маҷбур нест,

Муҳтоҷи фармону дастур нест.

Шукрона таълими дини ман аст,

Таълими дини мубини ман аст…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *