Абдураҳмон Абдуманнонов: АЙНӢ РАМЗИ МИЛЛИИ МОСТ

Аз  суҳбати адабиётшиноси маъруф  Абдураҳмон Абдуманнонов перомуни нақш ва мавқеи устод Садриддин Айнӣ дар таъриху фарҳанги миллӣ, зарурати омўзишу таҳқиқ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба осори ў

РАМЗИ МИЛЛӢ

– Дар оғози суҳбат аз Шумо, чун муҳаққиқи Айнишинос, мехостем аз тахаллуси устод пурсон шавем. Чаро устод Айнӣ аз баҳри тахаллусҳои бисёр, ба монанди «Сифлӣ», «Ҷунунӣ»…., гузаштанду ба сари «Айнӣ» қарор гирифтанд?

– Аввалан, устод Айнӣ дар таърихи фарҳанг, илм ва адабиёти мо шахсияти нотакроре ҳастанд, ки метавон эшонро бемуболиға энсиклопедист номид. Зеро эшон аз ҳамаи илмҳо бохабар буданд, бахусус аз ҷомеашиносӣ. Агар устод Айниро дар баробари рамзҳои давлатӣ яке аз рамзҳои миллӣ номем, хато нахоҳем кард.

Баъдан, устод Айнӣ ҳамчун шоир ба майдони адабиёт ворид шуданд ва аввалин шеърҳояшон бо тахаллусҳои «Сифлӣ», «Ҷунунӣ» ва чанди дигар эҷод шуда буд. Шояд бинобар дар суфлат, яъне дар мушкилоти зиёд гузарондани наврасӣ ва ҷавонии худ ин тахаллусро интихоб карда бошанд. Баъди он ки аз сифлагиву ҷунунӣ растанду бар воқеоту мушкилоти замон бо чашми ҳамабину ҳақиқатбин нигаристанд, тахаллуси «Айнӣ»-ро интихоб карданд. Фикри худи устод Айниро дар ин бора аз навиштаҳои худашон ҷойе нахондаам, лекин боре Раҳим Ҳошим, адабиётшиноси маъруф, шахсе, ки бо устод Айнӣ ҳамнишин буданду шарофати шогирдӣ доштанд, гуфта буданд, ки «шояд интихоби тахаллуси «Айнӣ»-ро Садри Зиё маслиҳат дода бошад».

ЯК ЗАРБАИ РАДНОПАЗИР

— Аз китоби тақдирсоз — «Намунаи адабиёти тоҷик» бисёр гуфтаанду навиштаанд. Шумо ҳамчун адабиётшинос ва муҳаққиқ онро чӣ гуна дарёфтаед?

– Устод Айниро метавон поягузори публитсистикаи нав, шеъри нав ва ҳам насри нави тоҷик номид. «Намунаи адабиёти тоҷик» бошад, тазкираи нав аст, ки он ба худ ҳадафи муайян дошт, пеш аз ҳама, ҳадафи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки муваффақ ҳам шуд. Аз ҷиҳати сиёсӣ халқи тоҷикро соҳиби давлат сохт, аз ҷиҳати адабӣ намунаи адабиётро ҷамъоварӣ кард ва фаҳмонид, ки ин халқ якбора соҳибмаърифату соҳибфарҳанг нашудааст, балки он заминаи ҳазорсола дорад.

Устод Айнӣ дар навиштани ин китоб заҳмати зиёд кашиданд ва бо китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» ба ҳадафи худ расид, кори худро кард, яъне, зарбае раднопазир ба пиндору кирдори  пантуркистон зад.

Банда дар ҷараёни навиштани китоби «Таърихи адабиёти советии тоҷик» бо ҳамроҳии Холиқ Мирзозода аз китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» хеле зиёд истифода бурдаам ва дар ҳамон вақт ба умқи он ворид шудам. Устод Айнӣ дар ҳар сатр як мақсад доштанд, ки бо сарсарӣ хондан онро дарк карда намешавад. Бинобар ин, «Намунаи адабиёти тоҷик» китоби рўимизии муҳаққиқон ва дўстдорони адабиёт мемонад ва он шиносномаи халқи тоҷик аст.

– Навиштаанд ва мегўянд, ки навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро аз устод Айнӣ Абдулқодир Муҳиддинов хоҳиш намудаасту устодро ташвиқ кардааст. Ва дигар, ин китоб на дар Маскав, балки дар Бухоро бояд чоп мешудааст, вале Файзулло Хоҷаев ба он садди роҳ шудааст. Ин суханон то чӣ ҳад ҳақиқат доранд?

– Воқеан, «Намунаи адабиёти тоҷик» бо тавсия ва талабу хоҳиши шахсияти бисёр барҷастаи сиёсӣ, раиси совети нозирони халқи ҶМШС Тоҷикистон Абдулқодир Муҳиддинов навишта шудааст. Дар ин бора худи устод С. Айнӣ навиштаанд: «Дар баҳори соли 1925 – баъд аз таъсис ёфтани Ҷумҳурияти Автономии Советии Тоҷикистон бо ҳукумати вай шартнома баста, ба навиштани «Намунаи адабиёти тоҷик» даромадам ва дар ҳамон сол тамом кардам. Ин асар 40 ҷузъи чопӣ буда, дар вай намунаҳои ҳазорсолаи адабиёти тоҷик (аз аввалҳои асри Х то замони худамон) дарҷ шудаанд. Ин асар дар соли 1926 бо харҷи ҳукумати Тоҷикистон дар Москва аз тарафи Нашриёти марказии халқҳои СССР нашр шуд». (Айнӣ. С. «Куллиёт».ҷилди 1. –Сталинобод: НДТ, 1958. -с. 97).

Аммо дар бораи нақша ё талоши чопи он дар Бухоро чизе нахондаам. Вале яқин аст, ки агар дар мавриди дар Бухоро чоп кардани китоби мазкур тасмиме ҳам мебуд, Файзулло Хоҷаев ҳатман пеши роҳи онро мегирифт. Лекин факти таърихӣ аст, ки аз ҳуруфчинӣ то чоп ва навиштани сарсухани «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро устод Лоҳутӣ ба уҳда гирифтаанду он бори аввал дар Маскав ба табъ расидааст.

ИЛҲОМ АЗ «МОРСЕЛЙЕЗА»

– Устод Айниро дар баробари муҳаққиқони тоҷик пажӯҳишгарони хориҷӣ, ба мисли Бувандии Шаҳриёрӣ (пажуҳишгари эронӣ), низ дар мисоли шеъри машҳури устод «Марши ҳуррият», поягузори шеъри нави форсӣ эътироф намудаанд. Вале баъзе адабиётшиносон ин шеъри машҳури устод Айниро аз ҷиҳати аркони шеър пурнуқсон мегўянд. Шумо ҳамчун адабиётшинос, дар ин бора чӣ андеша доред?

– Дар бораи поягузори шеъри нави форсӣ кист, имрўз низ дар байни адабиётшиносон баҳсҳо мешавад. Баъзеҳо мегўянд, поягузори шеъри нави форсӣ устод Айнӣ аст, аммо дар ин радиф онҳое ҳам, ки Нимо Юшич, Лоҳутӣ ё Ҳасани Ҳунармандиро асосгузори шеъри нави форсӣ мегўянд,  низ ҳастанд.

Аз назари таърих «Марши ҳуррият»-и устод Айнӣ аз «Афсона»-ву «Қиссаи рангпарида»-и Нимо Юшич пештар суруда шудааст. Аммо бояд гуфт, ки барои асосгузори як ҷараёни адабӣ будан бояд онро пайгирӣ кард, ки ин корро устод Айнӣ накардаанд. Аммо Нимо Юшич ҳадафмандона ин корро кард. Ў дар баробари эҷоди шеъри нав, дар маҳфилҳое, ки дар атрофи шеъри нав мешуд, иштирок ва пофишорӣ мекард ва ҳама вақт мегуфт, шеъри форсӣ бояд нав шавад. Бинобар ин, лозим аст Нимо Юшичро поягузори шеъри нави форсӣ номем. Аммо ҳамчун факти адабиёт «Марши ҳуррият» муқаддамтар буд, ки инро рад карда намешавад.

Масъалаи вазни шеъри «Марши ҳуррият» дар замони эҷод шуданаш,  айёми талошу мубориза барои ҳаёти нав,  чандон муҳим набуд ва он  гунае, ки муҳаққиқони адабаиёт низ гуфтаанд, илҳоме буд аз «Морселйеза»-и Фаронса, ки барои инқилобчиён суруда мешуду бояд вазни мутантан медошт.

«ШОҲНОМА»-И СОНӢ

– Дар баробари ин, барои устод Айнӣ ба гуфти худашон, «чорчўбаи назм тангӣ кард»-у ба наср гузаштанд ва воқеан асосгузори насри нави адабиёти тоҷик ва дар баробари ин, поягузори насри нави Осиёи Миёна шуданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки адибони насрнавис бо забонҳои дигари халқҳои Осиёи Миёна ҳам буданду менавиштанд. Ин шараф чаро маҳз ба устод Айнӣ насиб гардид?

– Устод Айнӣ аз ҷумлаи чанд нафар адибони башумори Осиёи Миёна буданд, ки ба рўзномаҳои пеш азинқилобии ба забонҳои тоториву туркӣ чопшаванда мақола мефиристоданд. Худи ҳамин гувоҳи он аст, ки устод Айнӣ ҳама вақт аз дигарон як қадам пеш буданд.

Ба якборагӣ дигаргуншавии сохти давлатдорӣ, ҳодисоти замон ва инқилоб эшонро водор сохт, ки ба наср гузаранд. Зеро агар дар назм меистоданд, мебоист ба инъикоси ин ҳама ҳаводис 30 соли худро бахшанду «Шоҳнома»-и дигар нависанд, ки ҳамаи ҷанбаҳоро дар бар гирад. Бинобар ин, ба наср гузаштани устод Айнӣ тақозои таърих буд. Агарчи дар назм дасти кам надоштанд, чунончи Шарифҷон махдуми Садри Зиё мегўянд: «Зи насраш вале назми ў хуштар аст».

Ва устод Айнӣ ҳеҷ вақт даъво накарда буданд, ки поягузор ё худ асосгузори наср ва ё назми нави Осиёи Миёна ҳастанд, аммо чунон ки дар боло гуфтем, баъзе аз айнишиносону адабиётшиносон ба эшон ин мартаба ва мақомро додаанд, аз ҷумла, адибону адабиётшиносони  ўзбек низ навиштаанду мегўянд, ки Айнӣ яке аз поягузорони адабиёти советии ўзбек аст.

«ЁДДОШТҲО» — ҚУЛЛАИ ЭҶОДИЁТИ УСТОД АЙНӢ

– Бешак, тамоми асарҳои устод Айнӣ дар замонаш қобили омўзишу пайравии адибони минтақа буд ва ҳоло ҳам арзиши сазовори мондагорӣ дорад. Вале ба ҳар ҳол, «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ бештар аз дигар асарҳояшон машҳуру маъруф гардидааст. Ба назари Шумо, чаро чунин будаву ҳаст?

– «Ёддоштҳо» ин қуллаи эҷодиёти устод Айнӣ аст. Бо мутолиаи «Ёддоштҳо» тарзи тафаккур дигаргун мешавад, доираи дониш фарохтар мегардад ва он лаззату ҳаловати ба худ хос дорад. Бе ягон муболиға мегўям, ҳар куҷое сафар кунам, «Ёддоштҳо» бо ман аст ва ҳар маротибае, ки ин шоҳасарро мутолиа намоям, як лаззати бемисл маро фарогир мешавад. Ба худ меандешам, ки агар умри устод вафо мекарду ҳодисаҳои аз солҳои 1900 то инқилоб рўйдодаро, ки бевосита шоҳиди он буданд, чун идомаи «Ёддоштҳо» менавиштанд, мо соҳиби «Шоҳнома»-и дигари насрӣ мешудем.

– Дарвоқеъ, устод Айнӣ барои «Ёддоштҳо» барандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (он вақт Ҷоизаи ба номи Сталин) гардида буданд. Мегўянд, ки дар базми ҷамъбасти Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Маскав (соли 1941) Сталин ба шарафи устод Айнӣ низ нўшбод гуфта будааст. Оё ин гап ҳақиқат дорад?

– Дар он базми ёдшуда Сталин ба шарафи халқи тоҷик, дар бораи аз халқҳои қадимтарин ва соҳиби таъриху фарҳанги ғанӣ будани тоҷикон суханронӣ кардааст, ки солҳои охир матни пурраи он борҳо расонаӣ шудааст. 

Вале то ин, дар Анҷумани нахустини адибони шўравӣ (с.1934), устод Айнӣ ва Горкий ҳамчун адибони калонсол ва маъруфи давр, дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштаанд.

Дар бораи муколамаи Сталин бо устод Айнӣ ва нўшбоди ў қиссаҳо ба мисли ривоят гуфтаю навишта мешаванд, вале ростӣ, ман дар  навиштаҳои худи устод Айнӣ ва ҳамсолонашон дар ин бора чизе нахондаам ва наметавонам онро таъйид ё рад намоям.

ОСОРИ УСТОД ДАР БОЙГОНӢ ХОБ АСТ

– Албатта, осори мондагори устод Айнӣ борҳо бознашр шудааст, бахусус дар замони истиқлол дар ҷилдҳои ҷудогона бештар ба табъ мерасанд. Вале оё мо имрўз гуфта метавонем, ки тамоми навиштаҳои устод дар шакли мукаммал ба табъ расидаанд?

– На, то ҳол тамоми навиштаҳои устод Айнӣ ба табъ нарасидаанд. Дуруст аст, ки фарзандашон Камол Айнӣ барои нашри 15 — ҷилдаи осори устод хеле кор карданд, аммо мутаассифона, ба дигарон иҷозат надоданд, то ба бойгонии нависанда наздикӣ кунанд. Ҳоло як ҳайати корӣ аз ҷониби Институти забон ва адабиёти Академияи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки бойгонии устод Айниро тасниф намуда истодаанд ва аллакай баъзе чизҳои навро низ пайдо намуданд.

– Пас, бо вуҷуди таваҷҷуҳ ба гирдоварӣ, таҳия ва нашри осори устод Айнӣ дар чаҳорчўби фаъолияти Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ ва дигар марказҳои илмию таҳсилоти Тоҷикистон, оё Шумо таъсис ва фаъолияти Маркази Айнишиносӣ бо мақоми як Маркази миллии омўзишу таҳқиқи рўзгор ва осори устод Айниро зарур намеҳисобед?

– Устод Айнӣ дар таърихи давлатдории нави тоҷикон дар ҳама самтҳо аз аввалинҳо буданд. Аввалин муаллифи шеъри нави форсӣ, асосгузори насри тоҷикӣ, аввалин муҳаққиқи таърихи адабиёти миллӣ, нахустин публитсист ва муҳаққиқи публитсистикаи тоҷик, аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон… Бори дигар мегўям, ки устод Айнӣ рамзи миллии мо мебошанд, зеро миллати тоҷикро аввалин шуда, ба ҷаҳониён маҳз эшон муаррифӣ карданд. Акнун вақти он фаро расидааст, ки мо эшонро муаррифӣ намоем.

Ман бо тамоми вуҷуд ҷонибдори таъсиси Маркази миллии Айнишиносӣ ҳастам, Марказе, ки бо фаро гирифтану танзим намудани фаъолиятҳои вобаста ба Айнишиносӣ дар дигар муассисоти давлатӣ ва ниҳодҳои иҷтимоӣ, омўзиш, гирдоварӣ, таҳқиқ, нашр ва тарғиби осори устод Айниро ба дўш дошта бошад. 

Бо назардошти мавқеъ ва нақши таърихии устод Айнӣ дар худшиносии миллӣ, баҳри шинохту қадршиносии заҳматҳои бемислу мондагори устод Айнӣ дар тоҷиксозию давлатсозии тоҷик, таъсис додану фаъолият доштани чунин Марказ дар назди Ҳукумат ё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ аст.

МЕРОСБАРИ АЙНӢ КИСТ?

– Дар ин ҷо масъалаи меросхӯрию меросбарии қонунии устод Айнӣ  ба миён меояд. Яъне, ҳоло соҳиби мероси хаттӣ ва дастнависҳои устод Айнӣ кӣ аст: пайвандони устод ва ё давлат?

– Мавзӯи меросбариро, албатта, қонунҳои амалкунанда ба танзим медароранд. Аммо, ба андешаи ман, меросхӯри маънавии устод давлат ва миллати тоҷик бояд бошад. Бигзор пайвандони устод чизҳои қонунӣ расидаи худро гиранд, аммо осори эшонро ба ихтиёри Ҳукумат ва миллати тоҷик вогузоранд, беҳтар мешавад.

– Сипос барои як суҳбати пурмуҳтаво!

– Саломат бошед!

Суҳбатнигорон:

Қироншоҳ ШАРИФЗОДА,

Меҳрофарин НАҶЕВУЛЛОЕВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!
  1. Pingback: Абдураҳмон Абдуманнонов: АЙНӢ РАМЗИ МИЛЛИИ МОСТ — Меҳрофарин

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *