Абдусаттор Нуралиев-устоди журналистони тоҷик даргузашт

Доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдусаттор Нуралиев, ки ба аксар журналистони тоҷик ҳаққи устодӣ дорад, шаби 20-уми март дар 78-солагӣ даргузашт.

Нуралиев дар ноҳияи Қӯшработи вилояти Самарқанди Узбекистон таваллуд шуда, факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Қазоқистонро хатм кардааст. Вай охири солҳои шастум ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор омадааст. Аз соли 1993 то 1996 декани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ буд. Аз моҳи сентябри соли 2003 дар кафедраи журналистикаи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия кор мекард.

Аз Абдусаттор Нуралиев даҳҳо китобу рисола ва мақола мондааст. «Адабиёти халқҳои Осиёи Марказӣ» (соли 1994), «Абай ва адабиёти тоҷик» (соли 1995), «Жанрҳои ахбории матбуот» (соли 2007), «Асосҳои ҳуқуқии журналистика» (соли 2005), «Таърихи журналистикаи кишварҳои хориҷӣ» (соли 2003) аз таълифоти ӯ ҳастанд.

Ҷанозаи устод Абдусаттор Нуралиев имрӯз, 21.03.2020, соати 13:00 дар масҷиди ҷомеъи маҳаллаи 104 — уми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи pressa.tj аз марги нобаҳангоми Нуралиев Абдусаттор андуҳгин буда, ба пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *