Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Абдувалӣ Шарифзода: Панҷакент шабеҳи гӯристон аст…

Професссор Абдувалӣ Шарифзода, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳафриётҳои Панҷакентро ба гӯристоне шабоҳат дод, ки аз таваҷҷӯҳи бостоншиносон ва масъулини ҳифзу нигаҳдорӣ дур мондааст.

Професссор Абдувалӣ Шарифзода, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳафриётҳои Панҷакентро ба гӯристоне шабоҳат дод, ки аз таваҷҷӯҳи бостоншиносон ва масъулини ҳифзу нигаҳдорӣ дур мондааст.

«Имрӯз Панҷакент ба гӯристон шабоҳат дорад. Даҳҳо минтақаи таърихии ин шаҳр аз тарафи бостоншиносон кушода шуда, баъдан ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаанд,  бинобар ин, онҳо дар ҳоли хароб шудан мебошанд» — гуфт ӯ.

Ин нуктаро муаррихи тоҷик, имрӯз дар ҷаласаи ҳисоботии Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳифзи ёдгориҳои таъриху фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазорати фарҳанг ба бостоншиносон, муаррихон ва масъулини ҳукумат ироа кард.

Абдувалӣ Шарифзода ҳамчунин аз хароб кардани масҷиди Шоҳи Хомӯш дар  деҳаи Лангари ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон изҳори нигаронӣ кард:

«Соли 2017 ман ба Масҷиди Шоҳи Хомӯш рафта будам. Сохтмони ин мақбара ва ҳунари гаҷкории он хеле нодир мебошад. Мутахассисон ҳам онро барои минтақаи Хатлон беназир арзёбӣ мекунанд. Вақти рафтани ман дар девори масҷиди кӯҳна як нақши барҷастии гаҷии зебое буд, аммо дар дохили он печка (бухорӣ) мондаанд, ки ин ба сохтмон зарар мерасонад.  Ман ҳамон замон  ба вазорати фарҳанги кишвар ва бевосита ба раиси ноҳияи Муъминобод муроҷиат кардам, ба ин ёдгорӣ дастдарозӣ нашавад. Аммо ба наздикӣ равам, дар пушти масҷиди кӯна масҷиди нав сохта, роҳро аз дохили мақбара кардаанд. Ва барои ин меҳроби таърихииеро, ки аз асри XI боқӣ монда буд, нобуд кардаанд. Аммо касе аз масъулин пеши роҳаро нагирифтааст. Мо имрӯз даъвао мекунем, ки ёдгориҳои таърихии худро аз хориҷа баргардонем, ҳол он ки дар кишвар бударо нигоҳ карда, наметавонем.»

Абдувалӣ Шарифзода аз масъулини Вазорати фарҳанги кишвар, қотеъона талаб кард, ки масъалаи ҳифзи ёдгориҳо ва омода кардани мутахассисони тармиму бозсозии мероси таърихиро дар сатҳи ҳукумати кишвар барассӣ намоянд

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.