Қабри боҳашамат ба ҷаннат мебарад ё дӯзах? (Видео)

Андозаи як қабр набояд аз 2 метр дарозӣ ва 1,5 метр паҳно бештар бошад. Санги хотиравӣ болои гӯрҳо низ набояд аз 1,5 метр баланд бошад.

Дар ҳоле ки ғасби замин ва бунёди қасрҳои муҳташам дар зиндагӣ ҳодисаи маъмулӣ ҳисоб меёбад,  дар қабристони Сари Осиёи шаҳри Душанбе бунёди мақбараҳои муҳташам ва ғасби замини зиёд барои як қабр одамро ба ҳайрат меорад.

Онҳое, ки соҳиби қудрату сарватанд ва дар хонаҳои муҳташам зиндагӣ доранд, мехоҳанд пас аз марг низ бо ғасби замини қабристон ва бунёди ҳайкалҳову мақбараҳо худро нишон диҳанд ва бигӯянд: “Оҳ, бин ки майит чи касе буд”.

Ҳол он ки соли 2017 қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи тартиби нигаҳдорӣ ва истифодаи қабристонҳо” тасвиб шуд, ки бар асоси он шеваи дафн дар қабристонҳо танзим мешавад. Мувофиқи ин қарор андозаи як қабр набояд аз 2 метр дарозӣ ва 1,5 метр паҳно бештар бошад. Санги хотиравӣ болои гӯрҳо низ набояд аз 1,5 метр баланд бошад.

Бахтовар САФАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *