Аброри Зоҳир — пурмаҳсултарин нависандаи тоҷик 55 сола шуд

Аброри Зоҳир пурмаҳсултарин нависандаи тоҷик агар зинда мебуд, имрӯз 55 сола мешуд. Номбурда, муаллифи даҳҳо ҳикоя ва повсту роман буда, дар замони зинда буданаш қадршиносӣ нашуд. Аҳли адаби тоҷик ҳам ба осори ӯ назари нек надоштанд. Дар зер андешаҳои журналист Одил Нозирро дар мавриди Аброри Зоҳир ва эҷодиёти ӯ мутолиа кунед.

Ӯро дар ҷомеаи адибони тоҷик, чун нависандаи бисёрнавис (на сермаҳсул!!!) муаррифӣ мекарданд. Матбуоти тоҷик, вақте дар бораи Аброр Зоҳир гап мерафт, бо тамасхур аз романҳои ӯ ёдоварӣ мекард. Ӯро чун «гадкый утёнок” нишон дода буданд. Аммо ӯ тамоман инсони дигар буд. Албатта, худаш бисёр дардманд, ғамгин ва афсурда буд. Бисёр менавишт, заҳмат мекашид, аммо подошаш фақат ба ҳотааш санг меандохтанд. Дар маҷолис ҳатто номашро намегирифтанд. Асарҳояш ҳар сол 4-5 маротиба чоп мешуд, аммо сазовори як тақриз намедонистанд. Вақте шинос шудем,ӯ фаҳмид ки ман журналистам ва ман аз асарҳояшу рӯзгораш, аз он ки паси парда мондааст, аз он ки китобаш дар дасти мардум мечархаду мардум мехонанд, аммо аз доираҳои адабӣ берун мондааст, пурсидам. Ӯ ҷиддӣ ҷониби ман гашту гуфт:

-Як рӯз биё як мусоҳиба мекунем. Бисёр нуктаҳои доғро мегӯямат…

-Ягон маврид шавад, меоям, — гуфтам.

Як рӯз дар Иттифоқи нависандагон во хӯрдем.

-Наомадӣ? -гуфт.

-Меоям! -гуфтам.

Аммо… Марг амон надод.

Мунаққид: Ин китобро нахондаам, аммо чанд эрод дорам!

Агата Кристӣ муаллифи қариб 70 роман, 17 пйеса ва чандин китоби ҳикояҳост. Ӯ дар миёни нависандагониҷаҳонӣ аз бисёрнависӣ дар ҷойи аввал қарор дорад. Ҳамчунин ӯ аз серхонандатарин муаллиф дар таърих будааст, тиражи китобҳояш баъди «Библия” ва Шекспир дар ҷойи аввал меистад. Бо вуҷуди ин ӯ бо номи мустаори Мэри Уэстмакотт ва Вестмакот шаш романи равонӣ (психологӣ) таълиф кардааст. Ӯ нависандаест, ки аудиторияи тамоми синну солро фаро мегирад. Кристи обрӯйи адабиёти инглис аст, зиндагии ӯ ва сирри аз ҳад зиёднависиашҳанӯз ба илми ҷахонӣ муаммост.

Даря Дантсова, нависанда, романист ва детективнависи муосири рус аст. Дар Русия аз ҷиҳати тираж 11 соли охир дар мақоми аввал меистад. Аввалин китоби нависанда соли 1999 нашр шудааст. Боварнакарданист, аммо то имрӯз 170 романи ӯ нашр шудааст.

Ҳамчунин ӯ муаллифи китобҳои зиёди тарҷумаиҳолӣ, дастурҳои хӯрокпазӣ ва мақолаҳои таҳлилист. Илова бар ин Донтсова ровии телевизион аст. Дар Русия гап-гап ҳаст, ки Дантсова миқдори зиёди «ғулом”-ҳоро нигоҳ медорад ва онҳо асарҳои ӯро навишта мекунанд, аммо худи нависанда қасам мехӯрад ва борҳо рӯзноманигоронро ба хонааш бурда нишон додааст, ки ҳама асарҳояшро худаш менависад ва ҳатто дастӣ. Романҳои ӯро мардум, мисли матбуоти зард интизор шуда шумора ба шумора мехаранд ва мехонанд.

Ин гуна муаллифон зиёданд. Ман танҳо ду нафарро мисол овардам. Адабиёт барои мардум аст. Таърих худаш аз ғирбол мегузаронад, ки кадом асар асари меистодагӣ ва кадомаш меполоидагӣ аст. Ин ду нависанда ҳам ба бисёрнависӣ гоҳ-гоҳ аз тарафи нотиқон мутаҳҳам мешаванд, аммо шӯҳрати онҳоро дида, илм ҳам сукут кардааст. Ба асарҳояшон баҳо додан ҳам ба таъхир афтодааст. Зеро чанд мунаққид хӯрдагирӣ карда, аз ҷониби мухлисон ҳақоратҳо ва таҳдидҳо шунидаанд.

Дар Тоҷикистон ҳам нависандаи шинохта Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) шоираи шинохта ҲадисаҚурбонова ва марҳум Аброр Зоҳир ба бисёрнависӣ гоҳ-гоҳ муттаҳам карда мешванд. Илми адабиётшиносии тоҷик ва нақди адабӣ (агар ин ду фаъолият дар Тоҷикистон бошад!) ба асарҳои ин адибон баҳои ҳақиқӣнадодааст. То ҳанӯз муҳаққиқону мунаққидон исбот накардаанд, ки дастмузди ин адибони бисёрнавис моли адабиёт ҳаст ё не! Яъне, ба ин асарҳо ҳанӯз баҳо дода нашудааст ва зиёде аз ин афсӯс ҳам хӯрдаанд.

Мисол дар бораи омӯхта нашудани асарҳои Шераки Ориён, ҳатто нафарони хориҷӣ изҳори нигаронӣ кардаанд. Ё Меҳмон Бахтӣ дар ҳисоботаш дар Съезди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, бо афсӯс гуфт, ки дар давраиҳисоботӣ Шоири халқии Тоҷикситон Ҳадиса 7 достон навишт, аммо осори Ҳадиса чуқур омӯхта нашуд. Аҳмияти достонҳояш то имрӯз дар илми мо таҷассум наёфтааст. (Суханронии Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ дар Анҷумани 14-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. – «Садои Шарқ” №9) Профессор И.К.Усмонов ҳам дар мақолааш дар ҳафтаномаи «Нигоҳ” таҳти уновони «Муҳите, ки пир надорад…” («Нигоҳ” №45 (479 17.02.2016) аз чуқур омӯхта нашудани асарҳои нависандаи мавриди назари мо Аброр Зоҳир изҳори таассуф мекунад.

Баъзе аз хунукназарон ҳатто асарҳои Аброр Зоҳирро нахонда баӯ баҳо медоданд ваӯро барои бисёрнависиаш тамасхур зада маҳкум мекарданд. Худи Аброр Зоҳир аз ин таассуф мехӯрд. Дар як мусоҳибааш бо ҳафтаномаи «Тоҷикистон” норизоӣ карда мегӯяд, ки ҳатто имрӯз асарҳояшро нахонда, ба ӯ баҳо медиҳанд ва як лаҳзаи аҷибро ёд меорад, ки мунаққиде шарм накарда дар рӯнамоии як китобаш гуфтааст, ки ман ин китобро нахондаам аммо, чанд эрод дорам. Ин дам шоир Хайрандеш даҳони ӯро дошта гуфтааст, ки агар нахонда бошӣ пас чаро гап мезанӣ? (Аброр Зоҳир: Дар як моҳ як роман менависам. — «Тоҷикистон” №28 10.07.14). Воқеан дар муҳити мо баҳодиҳӣ ва муносибат ба Аброр Зоҳир чунин аст. Ман эътимод дорам онҳое, ки ӯро барои ҳар моҳ ё се моҳ роман чоп карданаш муттаҳам мекарданду сифати асарҳояшро танқид як ктибоашроҳам нахондаанд…

Аброр Зоҳир кист?

Аброр Зоҳир (Имомов Аброр Зоҳирович – тав. 15.01.1965 ноҳияи Сарбанд – ваф. 23.10.15 ш.Душанбе) фориғуттаҳсили факултетифилологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, фаъолияташро аз рӯзномаи «Ҳақиқати Қурғонтеппа” оғоз кардааст. Аз ҳамон солҳо ба вазифаи ҳизбиву хизматӣ гузашта баъдан дар ибтидои сохти давлатдорӣ дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат” фаъолят доштааст.

Муддате директори кинотеатр, ёвари раис, сардори раёсати шабакаҳои кино ва кинопракати Иттиҳодияи ҷумҳуриявии кино ва видеои «Тоҷиккино” будааст. Дар вазифаҳои сармуҳаррири ҳафтномаи «Ҷаҳони паём” (1999-2000) директори телевизиони Тоҷикистон,(2000-2004), сармутахассиси шӯъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи президент (2004-2005) директори китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2007-2012), директори Муассисаи давлатии «Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои давлатӣ” (2012 то вафот) кор кардааст.

Номи Аброр Зоҳир чун нависанда, охири солҳои 80-ум пайдо шуда, аввалин асарҳояш дар рӯзномаҳо ва маҷаллаи «Садои Шарқ” дарҷ мегардиданд. Адабиёти тоҷик аз Аброр Зоҳир умеди калон дошт. Номбурда, баъдан ҷиддӣ ба кори эҷодӣ пардохта дар даврони Истиқлолият чун нависанда шинохта гардид. Дар ин давра Аброр Зоҳир сермаҳсул кор карда дар мавзӯҳои мухталиф асарҳои зиёде навишт. Муаллифи зиёда аз 15 роман ва чандин повесту ҳикояҳо мебошад.

Повестҳои «Мусофири ҷодаи ишқ” «Барзак” «Дуроҳа” «Моҷарои қабр”, «Таносух”, «Васваса”, «Пастиву баландӣ”, «Мусофири ҷодаи ишқ” ва ғ. Романҳои «Душанбе” «Нуқтаи нафс”, «Бозгашт” «Майдон”, «Мунтасир”, «Дар ҷилди одам”, «Тулӯъ дар ғуруб”, «Ибни Лодан” «Дунёи бесомон”, «Муҷассамаи ишқ”, «Мотами гурбаи сиёҳ”, «Дарҷустуҷӯйи инсон”, «Комунист”, «Арсаи набарди гургон”, ”Ману туву фаришта”, «Муқовимат”, «Ёри ғор”, «Ҷомӣ” , «Таърихи беморӣ” ва ҳ.к. маҳсули қалами ӯ мебошанд. Ҳамчунин Аброр Зоҳир муаллифи чандин филмнома мебошад, ки ағлаби он тариқи киностудияи «Тоҷикфилм”, ТВ «Сафина” ва Шабакаи аввал рӯйи навор омадаанд. «Муҷассамаи ишқ”, «Хокпайванд”, «Беназир”, «Подош”, «Гумон”, «Моҷарои рӯзи ид”, «Моҷарои хурд дар шаҳри калон” «Гирдоб”, «Тинат”, «Асрори чашмаи заррин”, «Оташи ҷанг ва парчами нанг”, аз ҷумлаи онҳоянд.

Бо вуҷуди ин эҷодиёти Аброр Зоҳир то ба ҳол таҳқиқ нашудааст. Албатта дар мақолаҳое ё тақризҳое сар-сарӣва умумӣ дар бори ӯ чизҳое навиштаанд. Як чиз мавриди ёдоварист, ки профессори мӯҳтарам АбдунабӣСатторзода, дар мавриди романи «Ёри ғор” ки ба зиндагии Носири Хусрав бахшида шудааст, як нақди пурарзиш навишта дар маҳфили гуфтугӯи тамаддунҳои профессор И.К.Усмонов онро қироат карда буданд, аммо мутассифона он ҷое то ҳол чоп нашудааст. Худи Аброр Зоҳир аз ин борҳо норизоӣ кардааст: «Агар тавсиаи чопи асар ба дӯши онҳо (Иттифоқи нависандагон дар назар аст.-О.Н.) ҳаргиз осори мо рӯйи чопро намедид… Насли даврони истиқлолро, ки бо назару нигоҳи тоза вориди ин фазо шуданд, нодида гирифтанд.”

Дар маврди пешниҳод кардану ягон ҷоизаи адабӣ нагирифтанаш ҳам Аброр Зоҳир бисёр бо алам ҳарф мезад. Ӯ ҳамеша аз он дарҳайрат буд, ки чӣ гуна синну солро баҳона карда ба ӯ ҷоизаи Кумитаи ҷавононро надоданду ба ҳамсинну соли дигари ӯ ин ҷоизаро сазовор динистанд. Ӯ аз чандин бор пешбарӣ шудани асарҳояш ба ҷоизаи ба номи С.Айнӣ ва сазовор нашудани онҳо ҳам ёдоварӣ кардааст. Мувофиқи маълумотҳо ӯ солҳои охир яке аз романҳояшро ба Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ ҳам пешниҳод карда будааст. Аброр Зоҳир дар вазифаҳои роҳбарӣ буд ва пӯшида нест, ки метавонист бе ягон мамоният соҳиби ҷоизаву унвонҳо гардад. Аммо ӯ шахси поквиҷдон буд, аз фишангҳои роҳбариаш ҳеҷ гоҳ истифода намекард. Аз унвонҳои давлатӣ ҳам танҳо Аълочии фарҳангиТоҷикистонро дошту халос. Ӯ дигар ба гапу клочаҳо одат карда буду диққат намедод. Ва ҷиддӣмашғули кори эҷодӣ буд. «Ман хешро аз насли қаламкашоне медонам, ки дар ин давраи бо дастуру нишондоди касе ё гурӯҳе афкори зеҳнии худро рӯйи қоғаз намеорам. Ҳарчанд дастпарвари замони «сензур” будам” — мегуфт худи ӯ.

Профессор И.К.Усмонов менависад: «Охири соли гузашта, адиби ҷавони шинохтаношудае аз миён рафт. Вай Аброри Зоҳир буд, ки дар жанрҳои повест ва роман бештар аз 15 асар навишт. Мавзӯъ ва ҷаҳоншиносии ин асарҳо ва ифтихори миллии ин адиб моро ҳидоят мекунад, то эҷодиёташро дуруст омӯзем… китобҳои Аброр мавзӯҳои наве барои адабиёти тоҷик доранд.” («Нигоҳ” №45 (479 17.02.2016)

Ин одати тоҷикии мост, ки зиндаҳоро санг мезанему баъди маргашон сангҳоро ба сари хуадмон зада мӯя мекашем. Шояд муҳаққиқони мо анъанаи пешиниёнро идома дода баъди марги Аброр Зоҳир асарҳои ӯро омӯзанд. Таҳқиқ кунанд.

Одил НОЗИР,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *