Адабиёт бояд ҳамдарди халқ бошад! Суҳбати нотамом бо устод Гулназар

20-сентябр зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ, муаллифи Суруди миллӣ устод Гулназар буд. Алоқамандони осораш соли дуввум аст, ки милоди ӯро бе худаш таҷлил мекунанд, зеро соли гузашта як моҳ пеш аз таҷлили ҷашни 75-солагӣ бар асари бемории короновирус қалби устоди сухан аз тапидан бозмонд.

Банда пеш аз марги устод Гулназар, ба пешвози ҷашни мавлудашон бо эшон суҳбати кутоҳе доштем. Қарор буд, ки бори дуввум во хӯрда суҳбатамонро ба анҷом мерасонем, вале умр вафо накард…

-Устод, чӣ эҳсосе бори нахуст шуморо ба шеъргӯӣ водор намуд: меҳри модар, Ватан ё ишқи аввал?

-Шавқи  шеър гуфтан дар дили ман хеле барвақт бедор шуда буд ва ин албатта, сабаб дошт. Дар синфи се мехондем. Овоза шуд, ки муаллими забону адабиёти мо шоир аст. Ҳамон сол аз ҳамсоядеҳа – Урметан чанд тан ба мактаби мо ба ҳайси муаллим омада буданд ва мо бо онҳо ҳанӯз шиносоӣ надоштем.

Дарс шурӯъ шуд ва мо аз муаллими ҷавони миёнақади каммӯ чашм намекандем ва ҳайрон будем, ки ӯ аз дигарон тафовуте надорад, аммо шеър мегӯяд. Ҳамин ки танаффус фаро расиду муаллим берун рафт, дафтарҳои рӯи миз бозниҳодаи ӯро варақ задем. Воқеан, дар сафҳае чунин сатрҳо сабт буданд:

Эй нома, агар расӣ ба дасташ

Аз ҷониб ман бибӯс дасташ.

Рӯзи дигар ману як ҳамсинфам, ки дар хона патефон доштанд, маслиҳат кардему аз қарта матни сурудеро навишта гирифтем ва ин ғазали Ҳилолӣ буд:

Рӯзе ки фалак дод маро ном Ҳилолӣ,

Мехост, ки ман моили абрӯи ту бошам.

Ман ба ҷои «Ҳилолӣ», «Гулназар» навиштам ва ғазалро, ки бешубҳа, ғалат рӯи коғаз оварда будем, ба муаллим додам ва гуфтам:

— Ин шеъри худам!

Муаллим бо таваҷҷуҳ «шеъри маро» хонд, абрӯ чин кард ва бо ҷиддият гуфт:

— Бисёр хуб. Аммо барои он ки «Гулназар» ҷойи «Ҳилолӣ» — ро гирад, ҳоло бисёр заҳмат кашидан лозим аст.

Ин муаллими ҷавон баъди чандин солҳо шоири машҳури Тоҷикистон гардид, ки мо имрӯз ӯро чун Қутбӣ Киром мешиносем. Ёдаш ба хайр! Ба ҳар ҳол дуои ӯ мустаҷоб афтод ва ман аз пайи арӯси шеър рафтам.

-Кадоме ба Шумо бештар таъсир расонд: эҷодиёти шифоҳии мардум, шеъри шоирони классик ё муосир?

-Эҷодиёти шифоҳии мардуми мо ин қадар сода, самимӣ, ширин ва ба дилу дида қарин аст, ки онро наметавон ба осори китобӣ  муқоиса кард. Дар куҷое чунин сатрҳоро хонда будам:

Дарди мардумро рубоиҳои мардум бозмегӯяд,

Ҳоҷате дар гуфти шайёдони ҷуғдово надорад.

Бо яқин метавон гуфт, ки ҳама бузургони адаби мо аз ин сарчашмаи равшану беғубор баҳрабардорӣ кардаанд.

-Киро устоди худ дар шеър мешуморед?

-Ман дар роҳи пурмашаққати эҷодӣ устодон ва хайрхоҳони зиёд доштам ва дорам, ки номи аксари онҳоро зикр кардам. Аммо бояд гӯям, ки устоди ҳар кас дар роҳи эҷод адабиёти ҳақиқист. Аммо дарки адабиёти ҳақиқӣ кори осон нест.

-Чаро нахустин маҷмӯаи худро «Расми сарбозӣ» ном ниҳодед?

-Вақте ки ман аз аскарӣ баргаштам, чанде аз дӯстони ҳамқалами ман аллакай маҷмӯаҳои аввалини худро чоп карда буданд. Ва бояд гӯям, ки он солҳо ба зевари чоп оростани китоб осон набуд. Ҳар китоб аз пули Сирот мегузашт. Соли 1967 дар Иттиҳодияи нависандагон китоби аввалини ман ба баррасӣ пешниҳод шуд ва ин маҳфили «пӯстканӣ» дар ҳузури котиби Иттиҳодияи нависандагон Мӯъмин Қаноат баргузор гардид. Танқид ҳам буд, таъриф ҳам буд. Хулоса, маҷмӯаи маро ба чоп тавсия карданд.

Баъди ин қадар «ҳаллоҷӣ» муҳаррири нашриёти «Ирфон» устод Қутбӣ Киром боз «сари маро хушк тарошид». Баъдан устод Қутбӣ гуфт: «Китоби хуб. Ту, ки нав аз аскарӣ омадаӣ, ба навиштаҳоят номи «Расми сарбозӣ» мегузорем».

Ин ном ба ман хуш омад. Зеро бо адабиёт машғул будан сарбозист. Ва воқеан то имрӯз кори ҳамарӯзаи мо – адибон сарбозист.

-Нахустин ошноии Шумо бо устодон Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозори Собир кай сурат гирифт ва бардошти Шумо аз ашъори онҳо?

-Ман дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳти сарпарастии устод Муродӣ (равонашон шод бод!) маҳфили адабии «Адибони ҷавон» доштем ва устодон зуд-зуд меҳмони мо буданд. Ман дар ин маҳфилҳо бо бисёр устодон шиносоӣ пайдо кардаам, ки яке аз онҳо устод Қаноат буд. Ин шахси бузург бо шеъраш, бо донишаш, бо тафаккури амиқи илмиаш ҳамеша маро мафтун мекард.

Вақте ки дар курси се мехондам, чанд шеърамро ба идораи «Садои Шарқ» бурдам. Мӯъмин Қаноат онҳоро қироат кард ва бо хушнудӣ ба Маҳмуд Воҳид, ки он ҷо ҳозир буд, гуфт:

— Ку, як бор ту хон.

Маҳмудҷон дастхати маро гирифту шеъри «Дар сари гӯри аскари гумном» — ро бо овози нотакрораш қироат кард.

Қаноат гуфт:

— Чоп кунем?

Маҳмудҷон гуфт:

— Ба ман маъқул!

Баъди чанд вақт ҳамин шеър ва «Шоира» ном шеъри дигари ман, ки ба Жолаи Бадеъ бахшида будам (бояд гӯям, ки Жола ин шеърро хуш пазируфта буд), дар «Садои Шарқ» чоп шуд. Он вақт дар ин маҷаллаи бонуфуз шеър чоп кардан ба кашфи Амрико баробар буд. Солҳо гузаштанд, устод Қаноат ҳамин тавр ҷавон, бо шеъри ҷавон, бо тафаккури ҷавон монд. Чӣ ҳаёти ибратбахше!

Бо Лоиқ ва Бозор барвақт шинос будам. Ва ману Бозор дар як рӯз ба узвияти Иттиҳодияи нависандагон пазируфта шудем. Дар тарабхонаи «Фароғат» зиёфат оростем. Устод Қутбӣ гуфт: «Замон ба пешонаатон мӯҳр зад!» Мастон гуфт: «Акнун бояд шоир шавед». Лоиқ гуфт: «Ин ду нафар арзанда ҳастанд!».

Ва ман солҳои зиёд бо устод Лоиқ ва Бозор дар як идора кор кардаам. Ҳар ду ҳам шоире ҳастанд, ки мактаб доранд ва мактаб доштан кори ҳар сухангӯ нест. Шеъри онҳо боз бисёр насли шоирони моро тарбия хоҳад кард. Шеъри онҳо – шеъри дарди миллат, дарди замон, дарди бохтҳову гумкардаҳо буд ва ҳаст. Ва ҳамин дард сарманшаи шеъри ҳақиқист.

-Ақидаатон нисбат ба шеъри сафед?

-Шеър на сафед асту на сиёҳ на озод на побаста. Шеър як таъриф дорад, бояд шеър бошад. мазмунро, андешаро, бинишро, илмро метавон бо шеър- яъне, бо қофияву вазни арӯз ифода кард. Ҳамчунон, ки дар гузашта китобҳои таъриху фалсафа, тиббу ҳандаса бо шеър навишта мешуд ва албатта онҳо шеър набуданд. Дар шеър ҷавҳари асосӣ тахайюл аст ва ин тахайюлро бо ҳар навъи адабӣ метавон ифода кард, ҳатто бо наср, дром ва дигар намудҳо.

-Дар кадом ҳолат шеър мегӯед?

-Шеър гуфтан мисли он аст, ки ба саёҳати кӯҳ мебароед ва ногоҳ дармеёбед, ки беихтиёр ба сурудхонӣ сар кардед. Шеър гуфтан вақту соат надорад.

-Чӣ ёдҳое аз замони шӯравӣ бароятон хушоянд аст?

-Ҳамбастагии аҳли фарҳанг ва умуман ҳамдилии халқҳои мо бузургтарин бозёфти даврони Шӯравӣ буд. Мо бояд ганҷхонаи дилҳои худро аз нав бо чунин симу гавҳар пур гардонем.

-Бо ҳамқаламони хориҷ аз кишвар робитаҳои дӯстона доред?

-Робита ҳаст, аммо бисёр мавсимӣ ва тасодуфист. Бо кӯшиши Сарвари кишвар созмон дода шудани рӯзҳо, фестивалҳо, идҳои фарҳангӣ бузургтарин неруест, ки моро ба созандагӣ мебарад. Гуфтугӯи тамаддунҳо бояд шиору амали ҳар миллат бошад. Вагарна дар инзивоҳо булбул ҳам ба зоғ табдил меёбад.

-Аз шоирони Эрон ва Афғонистони асри 20 ба киҳо ихлос доред?

-Аз зумраи шоирони Эрону Афғонистон бисёре ҳастанд, ки осори онҳо метавонад ба рушду камоли шеъри мо ҳамдастӣ кунад ва воқеан ҳам, кардааст. Аз Нимо Юшич, Ахавони Солис, Нодирпур, Фурӯғ сар карда то Аминпуру Салмони Ҳиротӣ, аз Халилуллоҳи Халилӣ сар карда, то Восифи Бохтарию Лайлои Сироҳат шеъри миллии худро нав кардаанд ва тарозуҳои онҳо ба адибони мо бетаъсир намондааст.

-Оё дар миёни шоирони ҷавони муосир афроде ба назар мерасанд, ки умедбахш ҳастанд?

-Адабиёт мисли дарёст ва бояд пайваста ба он чашмаҳои нав ҳамроҳ шаванд. Вагарна хушк хоҳад шуд. Адабиёти навини мо низ чашмаҳои ҷӯшону беғубори бисёр дорад. Адибони ҷавони мо, ки бештар ба адабиёти ҳамзабонони мо даст доранд, дар ороишу пероиши шеър ба муваффақиятҳое ноил гардиданд. Аммо адабиёт, пеш аз ҳама, бояд ҳамдарди халқ бошад. Ба ҷавонони эҷодгар лозим аст, ки ҳунарро такмил диҳанд ва ғаму шодии миллатро дар қабои ҳунар нишон диҳанд. Адабиёт дар инзиво ба хазон хоҳад расид. Адабиёти ҳар миллат бояд мисли боғи пуршукуфе хуррам ва дар паҳлӯи боғҳои дигар сарфарозу пурсамар бошад.

Суҳбаторо

Мунаввари САФАР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *