Адолат Раҳмонова: Бӯйи ҷанг ва ҳукумати 15 — рӯза

Суҳбати ошкоро бо Адолат Раҳмонова иштирокчии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Чаро аъзоёни Шӯрои Олӣ хостори истеъфои раис шуданд? Кӣ аввалин маротиба Эмомалӣ Раҳмони ҷавонро ба сифати раис пешбарӣ кард? Чӣ тавр ва бо кадом роҳҳо ба ҳам овардани ду тараф ва  ба имзо расидани Созишномаи миллӣ ба даст омад? Ин ва чанд муаммои дигарро, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, сиёсатмадор Адолат Раҳмонова ба Маҳинаи Давлат нақл кард, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем…

Аз ин суханҳо бӯйи ҷанг меомад

“Агар мардуми Кӯлоб хунхор бошанд, чаро дар он ноҳияҳое, ки бештари аҳолиашон аз кӯҳистон фаромадааст, хонаҳо дарнагирифтанд, танкҳо надаромаданду аввалин маротиба ба ноҳияи Вахш даромад? Чаро мошинҳои зиреҳпӯш ба ин ҷо ҳамла карданд? Чаро 27 июн ба Бохтар ҳамла овард? Бигзор кӯлобиҳо чуноне  шумо мегӯед, бошанд.  Лекин ҳаёт исбот карда истодааст, ки кор баръакс шуда истодааст. Шумо ва Акбаршо натавонистед, пеши роҳи ин бесарусомониро гиред…”

Ин пора аз суханронии  Адолат Раҳмонова, дар яке аз баромадҳояш мебошад. Ин бонуи сиёсатмадор  муддати 15 сол ҳамчун депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Муддати 13 сол дар ноҳияи Восеъ, аз омӯзгори мактаб оғоз намуда, баъдан котиби сеюм, дуюм ва якуми комсомол, аъзои бюрои райком партия, ҷонишини раиси ноҳия шуда кор кардааст. .

— Дар чунин давраҳои ҳассос бар зидди мухолифин сахт гап задан барои шумо, ки модари чор фарзанд ҳастед, мушкил набуд? Аниқтараш наметарсидед?

-Кӣ наметарсад? Ҳама метарсад. Лекин манфиати миллат манфиати давлат, манфиати халқи Тоҷикистон, якпорчагии Тоҷикистон  бароям муҳим буд.  Медонистам, ки роҳбарони ҳамон давр аз уҳдаи давлатдорӣ намебароянд, оқибати Тоҷикистон пошхӯрӣ аст. Барои ҳамин чунин суханҳои сахтро зидди мухолиф мегуфтам. Дар он солҳо ду духтари ноболиғ ва ду духтари қадрас доштам.  Ман дастпарвари партияи коммунистӣ ҳастам. Аз хурдӣ дар ташкилоти пионерӣ, комсомолӣ ва баъдан ба ҳизби коммунистӣ шомил шудам, тарбияи интернатсионалистӣ гирифтам. Яъне, дар вуҷуди ман манзалати Ватан, ҳифзи Ватан аз ҳама болотару муқаддасттар аст.

-Дар яке аз баромадҳоятон ба Акбаршо Искандаров муроҷиат кардаед, ки аз уҳдаи кор намебароед ва бояд ба истеъфо равед. Чӣ зарурат буд, ки талаби ба истеъфо рафтани ӯро кардед?

-Талаби истеъфои Акбаршо Искандаров оғози кор набуд. Оғози кор ин буд, ки баъди пош хӯрдани давлати абарқудрати шӯравӣ собиқ ҷумҳуриҳое, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ шомил буданд, яке паси дигаре истиқлолияти комилашонро эълон мекарданд.  Мо низ соли 1991 дар яке аз иҷлосияҳои Шӯрои Олии ҶТ  соҳибистиқлолии худро эълон кардем. Яъне, ба монанди дигар давлатҳо ба осонӣ соҳибистиқлол шудем. Мутаассифона, ин неъматро дигар ҷумҳуриҳо тавонистанд барои пешрафту гулгулшукуфоии давлаташон истифода баранд. Боигарӣ ва сарвате ки аз Иттиҳоди Шӯравӣ мерос монда буд, ба манфиати миллати худашон истифода кунанд. Ҳамон солҳо дар кишварамон ҳизбу ҳаракатҳои нав, ба монандӣ ҳизби демократии Тоҷикистон, ҲНИТ (ҳизби мамнӯъ дар Тоҷикистон – ред.), ҳаракати «Растохез», «Лаъли Бадахшон» ва ғайра пайдо шуданд.  Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ҳизби ҳукмрон буд, яъне аз ягон ҷо омада, талаби мансаб накарда буд. Дар он давра пешниҳод гардид, ки ҳизб баста шавад ва ҳамин тавр ҳам шуд. Бояд ҳизби наве таъсис дода, фаъолият мекардем.  Лекин бо кумаки берунаҳо ҳаракати Растохез ва ҲНИТ барин гурӯҳҳое пайдо шуданд, ки хостанд яку якбора давлати 70 — солае, ки ба арзишҳои демократӣ эҳтиром дошт, озодии зану мардро талқин мекард, барои беҳ шудани ҳаёти мардум мубориза мебурд, ба давлати исломӣ табдил диҳанд. Онҳо андеша намекарданд, ки якбора гузаштан аз як сохт ба сохти дигар имконнопазир аст.  Ҳамин боис гашт, ки ба ҷои он ки мисли дигар давлатҳо бо роҳи демократӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ пеш равем, баръакс нифоқу ҷудоиандозӣ шуд. Маҷбур шудем, ки интихобот эълон кунем ва Раҳмон Набиев бо гирифтани 55%-и овозҳо ба таври қонунӣ Президенти кишвар эълон шуд. Мо умед доштем, ки кишвар ба сӯйи беҳбудӣ меравад.  Аммо мухолифин боз ҳам қаноат накарда, бар зидди Ҳукумат қиём мекарданд.  Онҳо нагузоштанд, ки Раҳмон Набиевич ором кор кунад, балки баъди се моҳ гирдиҳамоӣ ташкил карданд, ки Президент аз уҳдаи кор намебарояд. Ҳол он ки дар муддати се моҳ магар таҳаввулот кардан имкон дошт?  Инро андеша накарда, дар Фурудгоҳи шаҳри Душанбе дар ҳузури мардум аз галстуки Президент кашола карда (ин таърих аст ва наворҳояш низ маҳфуз аст), маҷбуран бо силоҳ таҳдид карда, аризаи ба истеъфо рафтанашро талаб карданд. Ҳамин тариқ, давлат бе роҳбар монд. Гирдиҳамоиҳо, бесарусомониҳо ва  ҷанги шаҳрвандӣ шиддат мегирифт. Маҷбур шудем, ки ҳукумати муросои миллӣ ташкил кунем ва Акбаршо Искандаров раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Лекин ба ҷои он, ки алангаи ҷангро хомӯш кунад, баръакс оташи ҷанг тамоми манотиқи собиқ вилояти Қӯрғонтеппа (ҳозира вилояти Хатлон)-ро фаро гирифт. Мардум гуреза мешуданд, ҷанг оҳиста – оҳиста ба дигар минтақаҳо, бахусус ба Орҷиникедзобод (ҳозира Ваҳдат) ва води Ҳисор паҳн шудан гирифт.

-Чаро Иҷлосияи XVI маҳз дар шаҳри Хуҷанд гузашт? 

— Дар он лаҳзаҳо як гурӯҳ депутатҳо бо роҳбарии Сафаралӣ Кенҷаев аз Шӯрои Олии кишвар талаб карданд, ки  мо бояд Иҷлосияи XVI -и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар як минтақаи амн гузаронем. Аввал Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро интихоб карданд, лекин бо сабаби дури роҳ розӣ нашуданд. Дар вилояти Хатлон  ҷанг мерафт. Ба хулосае омаданд, ки Иҷлосия дар ноҳияи Хуҷанд, ки ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст, дар Қасри Арбоб гузаронида шавад. Вақте эълон шуд, ки моҳи ноябр дар шаҳри Хуҷанд гирд оем, тамоми аҳли зиё, шахсони барӯманд, диндорони Тоҷикистон бе даъвати ягон нафар ба шаҳри Хуҷанд рафтанд.

Рӯзи аввал дар маҷлисгоҳ ҳамоише баргузор гардид, ки онро Маҷлиси миллӣ номиданд. Ҳама депутатҳо ва аҳли зиёи Тоҷикистон як чизро талаб мекарданд: он ҳам ҳар чӣ зудтар ҷанги шаҳрвандӣ хотима дода шавад! Лекин саволе буд бо кадом роҳ ҷангро хомӯш кардан мумкин аст? Албатта, ин  як ретсепти тайёр набуд. Инро ҷустуҷӯ кардан лозим шуд. Шахсе ғаюру далеру нотарсе лозим буд, ки дар байни оташ ҳам дарояду нотарсона миёни ду сангар ҳам равад. Ҳамин тариқ, дар Қасри Арбоб Иҷлосияи XVI  ба кори худ  оғоз кард. Бояд қайд намоям, ки рӯзномаи ҷаласа, кушодашавии он ба осонӣ ба даст наомад…

-Шумо суханронии хешро дар Иҷлосияи XVI  дар хотир доред агар ҳа, чанд маротиба сухан кардед ва муҳтавояш чӣ буд?

 -Ҳам дар кушодашавии Иҷлосия, ки бисёр давраи ҳасос буд, баромад карда будам. Дар тасдиқи рӯзнома ва дар маҷмӯъ, панҷ маротиба суханронӣ намудам.

Суоли худро такрор мекунам, барои чӣ Акбаршо Искандаровро дар  миёни мардуми зиёд, гуфтед, ки аз уҳдаи кор намебароед ва  истеъфояшро талаб кардед? Ҳол он ки дар болотар зикр намудед, ки ягон роҳбар наметавонад, ки дар  миёни 1-2 ё 3 моҳ навгонии бузург кунад?

 -Ин ҷо гап дар бораи ҳукумати ҶТ, Раёсати Шӯрои Олӣ ва билохира раиси Шӯрои Олии ҶТ Акбаршо Искандаров мерафт. Ӯ низ муҳлати тӯлонӣ фаъолият накарда буд, ҳамагӣ ду моҳи фаъолияти корӣ дошт. Дар ҳамин ду моҳ мардуми минтақаи Кӯлоб дар муҳосираи иқтисодӣ афтиданд. Дар ин минтақа тамоман маводи ғизои фиристода намешуд. Ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Восеъ ба бемории гелиотроп гирифтор шуданд, яъне шикамҳояшон дам карда буд. Садҳо модарони ҳомила, кӯдакони ноболиғ, ҷавонон, пиронсолон аз ин беморӣ ба ҳалокат расида буданд. Акбаршо натавонист суханашро ба гурӯҳҳои силоҳбадаст, ки роҳро аз чанд ҷой маҳкам карда, намегузоштанд, ки ба минтақа маводи ғизоӣ фиристода шавад гузаронад ё бо онҳо машварат кунад.Боз чанд сабаби дигар буд, ки дар баромадам ҳаст. Бинобар ин, талаб кардам, ки Акбаршо ба истеъфо равад. Чунки Ҳукумат аризаи ба истеъфо рафтанашро навишта буд. Баъд аз баромади ман чанд депутати дигар низ дар ин мавзӯъ суханронӣ намуданд ва билохира Акбаршо иброз дошт, ки агар баъди рафтани ман вазъияти кишвар ором шавад, сулҳу субот шавад, розӣ ҳастам ва истеъфо дод.

-Кӣ аввалин шуда номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба овоздиҳӣ гузошт?

— Вақте Акбаршо ба  истеъфо рафт,  тасмим гирифтем, ки бояд раиси нави Шӯрои Олиро интихоб намоем. Депутат Мирзоев аз ҳавзаи интихоботии Хонақоҳ аз водии Ҳисор баромад намуда, таклиф кард, ки депутати Шӯрои Олии ҶТ Эмомалӣ Раҳмон номзадиашонро ба рӯйхати овоздиҳии пинҳони барои  Раиси Шӯрои Олӣ пешниҳод намоянд. Ба хотири он ки Эмомалӣ Раҳмон на вазир буд, на муовини вазир ва дар ягон мансаби баланди давлатӣ фаъолият намекард, яъне олуда набуд, балки шахси беғараз буданд. Шояд аз ин хотир 197 депутате, ки дар Иҷлосия иштирок доштанд, аксаран дар овоздиҳии пинҳонӣ ба ҷонибдории эшон овоз доданд ва ҳамин тариқ Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд. Дар он солҳо ин кас сиёсатмадори варзида набуданд, лекин аз лаҳзаҳои аввал, аз толор ба минбар баромада, суханҳое гуфтанд, ки ягон сиёсатмадори варзида дар он шабу рӯз ҷуръат накарда буд,  ки чунин гӯяд: “Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам!” Ин суханро танҳо шахсе гуфта метавонист, ки фидоии миллаташ бошад.  Мардуме, ки дар толор нишаста буданд, як лаҳза хомӯш монданд. Ҳайрон мешуданд, ки чӣ хел ин ҷавонмард бо дили пур  муроҷиат карда истодааст, ки биёед ба ҳамдигар дӯст шавем, тифоқ шавем, якҷоя Тоҷикистонро обод кунем. Баъди интихоб шуданашон эшон дар Қасри Арбоб оши оштӣ ташкил карданд. То он лаҳзаҳо ман тасаввур намекардам, ки оё мо дар як сари миз нишаста, як пиёла чой менӯшида бошем? Оё саломи якдигарро алек мегирифта бошем? Бузургии ин мард рафтори ҷавонмардонаи ин мард моро водор сохт, ки якдигарро бахшем. Чизе ки аз сари мо гузашт, дигар ёдовар нашавем. То 1 декабри ҳамон сол Иҷлосия идома ёфт.

-Дар рафти Иҷлосия баъзеҳо ба ояндаи Тоҷикистон хушбин набуданд. Бовар надоштанд, ки мо сулҳ кунем…

-Албатта. Нафароне зиёд буданд, ки ба пойдории кишвар боварӣ надоштанд.  Ҳатто дар толор бо овози баланд гуфтанд, ки мо ба ин Ҳукумати 15 — рӯза шомил шудан намехоҳем…  Дар ҳамин лаҳза аз ҷой хестаму рӯ ба онҳо оварда гуфтам:

— Шумо аз куҷо медонед, ки ҳамин ҳукумат 15 — рӯза аст ё 10 сол ё 50 сол бақо дорад?. Боварӣ дорам, ки ин ҳукумате, ки мо интихоб кардем, садсолаҳо хизмат мекунад. Имрӯз шукрона мекунем, ки ҳамон вақт хато накардем. Дар он лаҳзаҳо барои ман низ осон набуд, ки ба муқобили он шахсе, ки ҳукуматро 15 рӯз хонд, сухан гӯям. Чун ман модар будам, соҳиби фарзандони хурдсол будам.  Ҳатто таҳдид карданд, ки дар ин ҷо силоҳбадастон нишастаанд ва дар ҳамон лаҳза дар баромадам қайд кардам, ки маро аз силоҳбадастон натарсонед. Он чизеро, ки дар қалбам дорам, озодона баён намоям.  Гумон мекунам суханҳое, ки гуфтаам ботил набуд. Ҳамааш ба манфиати миллати ман буд барои хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ.

-Ҳамчун зани сиёсатмадор бӯи ҷангро эҳсос мекардед?

-Албатта! Дар Иҷлосияи 12, 13, 14, 15 ва 16 баромад карда гуфтаам, ки бояд ягон чиз бо роҳи зӯроварӣ ба миён наояд. Бигзор аз як сохт ба сохти дигар гузарем, халқ интихоб намояд. Ҳатто дар як баромадам рӯйрост ба мухолифине, ки дар он ҷо иштирок доштанд, муроҷиат карда гуфтанд, ки аз суханҳои шумо бӯйи ҷанг меояд. Китоби «Духтари шарқ»-и Беназир Бхуторо хондам. Дар он ҷо гӯё дар бораи ҳамон ҳизбу ҳаракатҳое, ки он рӯз дар Тоҷикистон буданд, сухан мерафт. Ҳол он ки  Беназир Бхуто даҳ сол пеш дар бораи ҳизбҳое, дар Покистон бедодгариҳо карда буданд, навишта буд. Чунин ҳизбу ҳаракатҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ омода ҳастанд, ки одами зиндаро гӯш бибуранд, бинӣ бибуранд, нохун баркананд…. Ҳамаи  аъзоёни ин ҳизбу ҳаракатҳо дар Покистон, Афғонистон дарс гузаштаанд. Вагарна онҳо хеста, аз минбарҳои баланд намегуфтанд, ки ки зани коммунистро касе мехоҳад бе талоқ никоҳ карда гирад. Аз ин суханҳо бӯи ҷанг меомад. Маҷбур будем, ки ҳар моҳ раиси Шӯро иваз кунем. То ин давра мо Қаҳҳор Маҳкамов, Қадриддин Аслонов, Сафаралӣ Кенҷаевро иваз кардем. Дар як баромадам гуфтам, ки наход мо дар як сол панҷ раиси Шӯрои Олиро иваз кунем. Чаро ҳамаи онҳо ноуҳдабароянд?  Чунки мо имконият намедиҳем, ки нишаста фикр кунанд, тарҳрезӣ намоянд, нақша созанд ва кор кунанд.

-Шуморо ҳам дар он солҳо барои ишғоли вазифа даъват карда буданд?

-Албатта, даъватҳо зиёд буданд. Дар ин бора ҳамон солҳо дар газетаи «Чароғи рӯз» ва «Адолат» баъзе суханҳои қабеҳе менавиштанд, ки ба гуфтан забонам намегардад.  Ягон маротиба вокуниш накардам, чунки кулӯхи қоқ дар девор абадӣ намечаспад.  Ман як депутати қаторӣ будам. Аксари мардум фикр мекарданд, ки ман барои мансабталоши ин қадар баромад дорам, суханронӣ мекунам, вале дар асл чунин набуд. Ҳатто маро ба мансаб даъват карданд, аз онҳо даст кашидам.

-Шумо дар Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро Роҳбари Тоҷикистон интихоб кардед. Инак, баъди гузаштани 25 сол дар мавриди эшон чӣ назар доред?

— Эмомалӣ Раҳмон шахси воқеан бузург аст. Ӯ тавонист, ки ба Тоҷикистон сулҳ орад.  Ҳамаи дастовардҳои Тоҷикистон ба номи эшон вобаста аст. Илоҳо дар пояшон хор нахаладу садсолаҳои дигар болои сари мардуми Тоҷикистон соябон бошанд.

 Суҳбаторо

 Маҳинаи Давлат

Акс аз рафти Иҷлосияи XVI

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *