Қадрдонии вакилони парлумон

Як зумра вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордену «Ифтихорномаҳои фахрӣ»-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қадрдонӣ гардиданд.

Як зумра вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордену «Ифтихорномаҳои фахрӣ»-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қадрдонӣ гардиданд.

Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон, Абдуҷаббор Азизӣ, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо ордени «Содружество», Акрамшо Фелалиев, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон ва Олим Салимзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои баӣналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот бо медали «Мустаҳакамгардонии ҳамкориҳои байнипарлумонӣ» сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин вакилони мардумӣ Дилрабо Мансурӣ, Гулнора Бобоева, Гулбаҳор Назирӣ, Бахтовар Сафарзода, Хайрулло Суфиев, Ҳаёт Одинаев, Рустам Қудратов ва чандин нафари дигар бо «Ифтихорномаҳои фахрӣ»-и Асс «Ифтихорномаҳои фахрӣ»-и Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қадрдонӣ шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *