Ҳадяи Хукумати ИМА бо арзиши 12 млн. доллар таҷҳизоту нақлиёт ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон

  18-уми августи соли 2016 дар қисми ҳарбии “Н”-и Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон маросими тақдим кардани воситаҳои техникии истеҳсоли Амрико бо арзиши 12 млн. доллар ба ин ниҳоди қудратии кишвар доир гардид.

Фармондеҳи  Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ва дигар шахсони расмии ИМА ва Тоҷикистонро ба қисми ҳарбӣ хайрамақдам гуфт. Ӯ ба намояндагони васоити ахбори омма ва ҳайати шахсии қисми ҳарбии “Н”зикр кард,  ки мақсади ташриф густариш додани ҳамкориҳои низомии Ҳукумати  ИМА бо Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон мебошад.

Раиси КДАМ Тоҷикистон С. Ятимов ва ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиа генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев, ки дар маросими мазкур иштирок доштанд, аз вазъи қаноаткунандаи ҳамкориҳои ИМА бо сохторҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ба сафир  Элизабет Миллард изҳори сипас карданд.

Элизабет Миллард дар навбати худ иброз намуд, ки Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои таҳкими Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон — таҷҳизоти коммуникатсиониро бо арзиши 9 миллион доллар ва автомашинаҳои «J8 Jeep Wranglers» бо арзиши 3 млн. доллар  тақдим карда мешаванд. Воситаҳои техникии мазкур дар чорчӯбаи Барномаи мубориза бо маводи мухаддири Фармондеҳи марказии ИМА (СENTCOM) маблағгузорӣ шуда, аз пайравии мунтазами Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон дарак медиҳад.

Элизабет Миллард воситаҳои техникии истеҳсоли Амрико — радиостансияҳои “Моторола» бо нармафзори шабакавии «TURBO», ки метавонад ҳаракати кормандонро аз як ҷой ба ҷойи дигар бо истифодаи GPS пайгирӣ намояд, радиостансияҳои намуди RF-7800W бо технологияи Ethernet ва таъмини алоқа дар масофаҳои беш аз 160 км ва дигар таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва нармафзорро бо 50 адад автомашинаи тамғаи «J8 Jeep Wranglers» ба Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон тақдим намуд. Воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоти коммуникатсионии мазкур барои таҳкими зарфияти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар самти ошкор, мусодира кардан ва пешгирӣ намудани воридшавии маводи мухаддир тавассути сарҳадоти Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

                         

Сафир қайд намуд, ки тақдими таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва воситаҳои нақлиёт аз дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби ИМА дар амри решакан намудани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гувоҳӣ медиҳад. Хонум Миллард ба сарҳадбонон барои кӯшишу талошҳои мунтазамашон дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва изҳори омодагӣ дар ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико изҳори сипос намуд.

Ӯ хотиррасон кард, ки аз соли 2006 то инҷониб дар чорчӯбаи барномаи СENTCOM оид ба мубориза бо маводи мухаддир барои бунёд намудан ва мукаммал гардонидани қувваҳои худтаъминкунанда, фаъол ва самарабахш дар самти мубориза алайҳи маводи мухаддир дар қаламрави Тоҷикистон маблағи беш аз 151 миллион доллар ҷудо гардидааст.

Эмоми НАЗАРИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *